Табрикот барои рузи Конститутсия – 6 ноябр (Сарконун)

0

Табрикот / табрикнома барои рузи Конститутсияи Чумхурии Точикистон / Ҷумҳурии Тоҷикистон.

рузи конститутсия сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷашни қомуси бахт муборак бошад!

Конститутсия кафили бахт, озодӣ, саодат ва тинҷиву осоиштагии мо мебошад. Пойдории сулҳу субот, рушди пайвастаи ҷомеа ва фаровонии рӯзгор маҳз бо Қонуни асосии кишвар ҳамбастагӣ дорад.

Бигзор ҳамеша Ватан тинҷ, рӯзгорамон фаровон бошад. Хушбахту саодатманд бошед ва дар кору фаъолияти ҳамарӯза омад ҳамроҳи Шумо бод.

Шаҳсутуни давлати ободи мо,
Раҳнамои миллати озоди мо.
Рамзи истиқлоли мулки тоҷикон,
Навбаҳори орзуи одамон!


Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гирифта бар кафи худ хомаи миллат,
Кунам васфи саодатномаи миллат!
Тани миллат, ки бе қонунаш урён аст,
Ҳамеша пок бод, ин ҷомаи миллат!

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурияти Тоҷикистон муборак бошад!


Ба ту қонуни давронам ташаккур,
Барои бахти тобонам ташаккур!
Калиди ақли одам дар кафи ту,
Адолатро нигаҳбонам ташаккур!

Конститутсия  – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат!


Иншо дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (маълумот)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст