# Савол
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ.
Мухаммад Икболи Лохури кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Мухаммад Икбол Лохури.
# Ҷавоб
Муҳаммад Иқбол шоир, файласуф ва ходими ҷамъиятии Ҳиндустон, симои калидӣ дар адабиёти урду ва форсу тоҷик, мутафаккир, падари рӯҳонии Покистон ва мубаллиғи ин мамлакат ба шумор меравад.
Муҳаммад Иқбол 9 ноябри соли 1877 дар Сиалкот дар оилаи дӯзандаи диндори машҳур таваллуд ёфтааст. Оилаи онҳо аз браҳман (одами табақаи олӣ дар Ҳиндустон) буданд, ки дини исломро қабул кардаанд.
Муҳаммад Иқбол 21-уми апрели соли 1938 дар Лоҳур даргузашт.
# Намунаи ашъор
Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,
Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.
Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,
Не зи урёниву не аз қатъи мӯст.
Муҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст,
Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.
Қуввати авранг аз илму фан аст,
Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст. >>
