8 март табрикнома – Рузи модар – шеър

0

Дар ин мақола якчанд табрикнома барои рузи модар 8 март, табрикот ва шеърхо барои бонувони азиз аз сомонаи www.SavolTJ.com оварда мешавад. Хонед ва ба дӯстонатон тавсия диҳед.

8 март иди модарон

Иди бонувон муборак! Хушбахтӣ ва пирӯзӣ насибатон, азизони дилу дида!

Рӯзи ҷаҳонии бонувонро бар ҳама модарону хоҳарону ҳамсарону духтарон самимона шодбошу хуҷастабод мегӯем ва барояшон аз Худованд тандурустиву хубиву хушиву хушбахтиву хонаободониро орзумандем.

Умедворем, ки ҳамеша дӯстдошта бошанду дӯст доранд ва бахташон ҳамвора сабзу шукуфон бошад!

Зан аз рӯзи азал оинадор аст.
Зан аз ҷинси гули сабзи баҳор аст,
Ҳакоят ҳаст аз Ҳаввову Одам,
Дили ҳар мард бо зан барқарор аст.

Меҳровари Масчоҳӣ


8 март рузи модар

8-УМИ МАРТ РӮЗИ МОДАРОН МУБОРАК!

Эй Модарону хоҳарон, бодо муборак идатон,
Зиннатфизо эй маҳвашон, бодо муборак идатон.

Баҳри шумо Фархунда бод, ин фасли зебои баҳор.
Гулғунчаҳои бӯстон, бодо муборак идатон.

Ин фасли гул зебандааст, баҳри шумо, эй модарон.
Эй бонувони ҷони ҷон, бодо муборак идатон.

Чун рӯзи идат мерасад, дар ин баҳори нозанин.
Эй ҳамдами руҳи равон, бодо муборак идатон.

Кай бе шумо ин зиндагӣ, дорад ҷамолу накҳате?
Эй ахтарони осмон, бодо муборак идатон.

Рухсораҳо монанди гул, чун ғунча лабҳои шумо.
Эй гулбаҳорони замон, бодо муборак идатон.


Иди баҳор, иди модар ва бонувон, иди 8-март муборак бод.

Сараввал модари худ ва тамоми бонувону модарон, апаву хоҳаронро ба муносибати 8-март – РӮЗИ МОДАР табрику муборакбод мегӯям! Бароятон хушбахтӣ, бурдборӣ ва дар ҳамаи иқдому ташаббусҳоятон муваффақиятҳо таманно дорам!

Шумо ки бо баҳор ҳамсимову ҳаммаъноед таҷаддуду тозаофаринӣ, пирӯзиву беҳрузӣ, саломатии бехалал ва бахту шодии бемасал орзумандам. Бигузор доим ҷинси латиф аз мардони қадрдон розӣ бошанд.

Дуо дорам то ҳар як фарзанд ба қадри ҳар як қатраи шири модар ба қадри ҳар як миҷа задан дар шабҳои тӯлонии бехобӣ ба қадри ҳар як аллаҳои саршор аз меҳру муҳаббати модарони ғамгусор бирасанд. Худованд ҳаргиз модаронро ба ҳеҷ як норасоӣ дар зиндагӣ рӯ ба рӯ накунад.

Ид муборак бонувони азиз!


Иди Рӯзи Модар – 8 март муборак бошад!

Меҳри модар

Модарам меҳрофарину офаридгори ман аст,
Модарам чун офтобу чашми бедори ман аст.

Ҳар саҳар бахшад дуои пешрафти кори ман,
Модарам олисиришту бурд дар кори ман аст.

Гашт бемор гар писар бемор гардад модарам,
То шифои комилам маҳзун аз бори ман аст.

Ӯ надорад кинае аз нуқсу аз кирдори ман,
Шири модар ҳодие бар нек кирдори ман аст.

Дониёро, меҳри модар манбаи илҳоми туст,
З-ин сабаб хидмат ба ӯ то охири кори ман.

Қувваи мард

Равшание дар шабонгаҳ баҳри мардон ин зан аст!
Гармие дар рузи сардӣ нури рахшон ин зан аст!

Марди боғайрат, ки ҷисми у ҳама аз қувват аст,
Лек манбаъ қувваашро гуй чун кон ин зан аст!

Гар Худованд офарид занро барои мард нек,
Рост гуям, дар ҳақиқат, ҷону ҷонон ин зан аст,

Зан агар набвад, шавем мо хору ғамгин, тирарӯз,
Хушҳолӣ, сарбаландӣ, файзи ҳар хон ин зан аст,

Дониёро, зан бароят қадру қимат дорадо,
Посбоне дар бари мо чун нигаҳбон ин зан аст.

Ҳусни Худод

Дидани ҳусни худододат маро мадҳуш кард,
Хандаҳои дилкашат қалби маро дар ҷуш кард.

Абрувонат рахнае бар нафси оромам бизад,
Бозии зулфони ту шоми маро гулпуш кард.

Ҳар гаҳе суят нигаҳ меафканам, дил беқарор,
Қомати монанди сарват ҳушро оғуш кард.

Офариниши чунин зеборухи нозукадо,
Офтоб рӯяш бидиду моҳтоб гесуш кард.

Дониёр бо дидани ин ҳусни оламгири ӯ,
Аз ҳама дунё буриду чашмро дар рӯш кард.


Рӯзи модар муборак!

Ҳамаи Шуморо бо фарорасии 8 март – Рӯзи Модарон, ки ба оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, табрик ва таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама сихатмандии комил, иқболи нек, умри дароз в ҳама хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Бигзор дили шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони диёрамон, поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошад!
Хушбахту хонаобод бошед!


Модарони азизи мо, модарони оянда, шуморо самимона бо рӯзи шумо – Рӯзи модарон табрик мегӯем.
Мехоҳем ба ҳар як модар барои ғамхорӣ ва гармие, ки шумо ба ҷаҳони мо мерасонед, ташаккур гӯем. Бигзор зиндагии шумо ҳамеша ширин ва саломатиатон қавӣ бошад.
8 март муборак бод, модарони Тоҷикистон!
___________________

Дорогие наши мамы, будущие и состоявшиеся, от всей души поздравляем вас с вашим днем — Днем матери.
Хотим поблагодарить каждую маму за те заботу и тепло, которые вы дарите нашему миру. Пусть ваша жизнь всегда будет сладостной, а здоровье крепким.
С 8 марта, мамы Таджикистана!


ҶАШН МУБОРАК МОДАРОНУ ХОҲАРОНИ АЗИЗ

Бо арзи эҳтироми беандоза, шуморо дар ин рӯзҳои нахустини баҳорӣ, оғози эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебои сарзамини бостониамон Тоҷикистони соҳибистиқлол бо фарорасии Рӯзи Модарон, 8-март табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи шумо, модарони покдоман ва мунису ғамхори тоҷик, бонувони хушбахту сарбаланд ва духтарони боғайрату ватандӯст сиҳатмандиву хушбахтӣ, умри дароз, комёбиҳои беназир ва ҳама хушиҳои зиндагиро таманно дорем.

Ҳамеша сарбаланду муваффақ нексухану нексиришт ва хушмуомила бошед Модарону хоҳарони азиз.


Эссе Модар – сарчашмаи хаёт – 8 март

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст