Шеър дар васфи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон

0

Пешвои миллат – Эмомали Рахмон шеърхо. Шеър дар бораи президент, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон >>

Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат
Emomali Rahmon. Picture released on October 11, 1994 showing Tajikistan head of State Emomali Rakhmonov. (Photo by S. ZHUKOV / ITAR-TASS / AFP) (Photo by S. ZHUKOV/ITAR-TASS/AFP via Getty Images)

Паёми ту паёми ошноист,
Садои ту навои кибриёист.
Ба дарди захмҳои пушти Айнӣ,
Паёми ту давои мумиёист.


ОРМОН

Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,
Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.

Чу аз ҳар ҷонибе сӯйи Ватан боди хазон омад,
Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад.

Ман аз ин сарзамин тиру камонро дур бинмудам,
Ки доим дар самояш пурҷило тирукамон бошад.

Қасам бо шири модар хӯрдаам дар назди халқи хеш,
Ки бахту роҳи умраш ҳамчу шири модарон бошад.

Дилу рӯйи кушодамро ба дунё пешкаш кардам,
Ки мулки кӯчакам дар чашми дунё бекарон бошад.

Ба минбарҳои болои ҷаҳон бурдам забонамро,
Ки халқи хушзабонам бо ҷаҳоне ҳамзабон бошад.

Басо хорӣ кашида, ғунчаи уммед парвардам,
Ки хориро набинад ин диёру гулфишон бошад.

Маро ҳар боғ пайғомест аз гул кардани дилҳо,
Маро ҳар мазраи сабзе зи сарсабзӣ нишон бошад.

Бувад нонрезаву нони Ватан болои чашмонам,
Дилам ҳамрози пирону аниси тифлакон бошад.

Кунам тоҷи сари дунё дилоро Тоҷикистонро,
Зи тахту тоҷи ин дунё ҳаминам ормон бошад.

Низом Қосим


Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои Миллат,
Раҳҷӯи бахти халқӣ, эй раҳкушои Миллат.

Дастони Сулҳу Ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,
Аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои Миллат.

Кам сарваре ба олам бо чораи фароҳам
Аз интиҳои Миллат ҷуст ибтидои Миллат.

Дар ҷону дил гирифтӣ аз сидқ дарди Миллат,
Гаштӣ табиби Миллат, кардӣ давои Миллат.

Аз бераҳӣ кашидӣ то огаҳӣ Ватанро,
Аз огаҳии Миллат ҷустӣ бақои Миллат.

Киштинишаста Миллат омад ба соҳил охир,
То аз Худо расидӣ, эй нохудои Миллат.

Ҳар бенавои қисмат аз ту навои дил ёфт,
Оҳанги бахт бинмуд, шуд ҳамнавои Миллат.

Бо чеҳраи кушода, бо ҳиммати зиёда
Бурдӣ ба рӯи дунё нуру сафои Миллат.

Бинмудаӣ ба олам симои дилкашашро,
То минбари ҷаҳонӣ бурдӣ садои Миллат.

Байни ҳазор миллат дар дидаҳо ҳувайдост
Бо қомати расоят арзанда ҷои Миллат.

Аз софиат сиёсат бинмуда тарки ҳилат,
Бо сидқ менамояд хидмат барои Миллат.

З-ин рӯ, қарини мардум ҳастӣ чунон, ки акнун
Чун мардумак азизӣ дар дидаҳои Миллат.

Хуш ҳоли он ки ин сон бинҳода аз сари сидқ
Дилро ба роҳи Миллат, сарро ба пои Миллат.

Эй тифли Миллат аз ту ҳамгоми зиндагонӣ,
Хушноми зиндагонӣ пурдил ниёи Миллат.

Эй ҷонудилмунаввар, эй сӯи нур раҳбар,
Аз ту зиё гирифта аҳли зиёи Миллат.

Эй раҳнамой ахтар андар самои даврон,
Эй дилфидои Миллат, эй ҷонфидои Миллат.

Шуд пеши роҳи Миллат во аз ту сӯи давлат,
Пеши раҳи ту во бод, эй Пешвои Миллат!

(Шеъре, ки аз дил омад, аз банда не, аё дӯст,
Бар пурбаҳои Миллат бошад баҳои Миллат!)

Низом Қосим


Дар ситоиши Пешвои миллат

Парешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнаби аммо,
Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ ту меарзӣ.

Чи дар дохил чи дар хориҷ сиёсатмарди доноӣ,
Кунӣ ҳар мушкилеро ҳал ба осонӣ ту меарзӣ.

Туро бо меҳр истиқбол гирад садри ҳар кишвар,
Яке покизатиннат байни ёронӣ, ту меарзӣ,

Барои тоҷикони рӯи олам такягаҳ гаштӣ,
Аз ин гӯем шоҳаншоҳи шоҳонӣ ту меарзӣ.

Ба вақти мушкилӣ кардӣ ту ташкил Артиши миллӣ,
Ба кишвар худ кафили сулҳхоҳонӣ, ту меарзӣ.

Ба ҷон ҳастӣ ба ҳифзи марзу буми хоки аҷдодӣ
Расидан пойи бадхоҳе намемонӣ, ту меарзӣ

Низомӣ медиҳад ҷонаш барои сулҳу осоиш,
Ба худ инро шуморад қарзи виҷдонӣ, ту меарзӣ

Қасам хӯрдӣ ба шири модарат: «Ман сулҳ меорам!»,
Харидӣ ҷони ҳар як тоҷикистонӣ, ту меарзӣ.

Гурусна мондани халқат ҳама буда зи наҳси ҷанг,
Кунун шуд сер мардум, ғалла арзонӣ, ту меарзӣ.

Сипосу арзу дарди дил бигӯяд халқ пеши ту,
Бар ҳар дарде, ки дорад халқ, дармонӣ, ту меарзӣ.

Ба ҳар ҷое сафар кардӣ, фазои тира шуд равшан,
Худододӣ, чу хуршеди дурахшонӣ, ту меарзӣ.

Асоси Сулҳу Истиқлолу Ваҳдатро ту бинҳодӣ,
Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ.

Зи ҷаҳдат ҷашни Наврӯзӣ Аҷам рӯи ҷаҳон бигрифт,
Русуми рафтаро эҳё бигардонӣ, ту меарзӣ.

Баробар рӯзу шаб гардад зи пайки нусрати Наврӯз,
Шурӯи кишт созӣ, дона афшонӣ, ту меарзӣ.

Бишуд осори некат аз ниёгон шоҳиди зинда,
Кафили ҳастии ояндадавронӣ, ту меарзӣ.

Шуҷоатманд фарзандони миллатро набуд шуҳрат,
Зи сидқ эҳёгари ин қаҳрамононӣ, ту меарзӣ…

Дубора ошно карда ба мардум шеъри Мавлоно,
Чу Мавлоно сухансанҷу сухандонӣ, ту меарзӣ.

Дар ин хоке, ки сармову зимистон ҳокимият дошт,
Баҳори гулфишон овардаӣ моро ту меарзӣ.


ПЕШВО

Ватан аз номи ту оғоз гирад.
Ту танҳо Тоҷикистон офаридӣ,
Ба дастони Худову ҷонфидоит,
Ту хатти сарнавишташро кашидӣ

Бубин, таърихи садасра гувоҳ аст
Барои Тоҷикистон-Пешвоӣ!
Агар аз диди инсонӣ бигирем,
Барои кулли инсон Пешвоӣ!

Тамоми шаҳрвандонро ба ҳарфат,
Ғаюру огаҳу бедор кардӣ.
Раводиди туро бо об дидам,
Ватанро пур зи обанбор кардӣ.

Раҳораҳ, тоҷиконро раҳнамоӣ
Намоди хубиву озодагиӣ,
Супурдӣ сулҳу амният ба миллат,
Ба пои қавли худ истодагиӣ

Китоби фазлҳоятро бихондем,
Муродиф бар ҳама ноёбҳоӣ
Варақҳои нави “Шаҳнома” гуфтанд
Давоми Рустаму Суҳробҳоӣ.

Чароғи рӯшани ин сарзаминӣ
Ба ин миллат супурдӣ хатти милод,
Ба ин миллат туро аслан Худо дод,
Худододӣ, Худододӣ, Худодод!!.

Родмеҳр Сулаймонӣ


ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МУРШИДИ МУҲАББАТУ ОЗОДӢ

Бӯи модар медиҳад, ин сарзамин,
Манзараш монанди гулшан нозанин.

Тоҷикистон – ин Ватан-Модар бувад,
Бар ҳама азму ҷидолаш, офарин!

Пешвояш муршиди озодӣ аст,
Раҳнамову роҳсозу дилқарин.

Бо ташаббус минбари олам гирифт,
Пешвои мулки обӣ дар замин.

Ҳастии ӯ давъати халлоқӣ аст,
Даъвате сӯи рафоҳу асли дин.

То зиёратгоҳи Каъба, пештар,
Каъбаи дил кард зиёрат, офарин!

Ӯ ба имрӯзу ҳамеша сулҳ хост,
Қудрати Аллоҳиро бин, эй мубин!

Меҳани мо дар харити ҷону дил,
Ҷовидон шуд маркази сулҳи замин.

Аз Паёме то Паём меъроҷ кард,
Муршиди сулҳу амонии қарин.

Мавлуди Ӯ мавлуди миллат бувад,
Сабт гашт дар тақвими қалби ҷамин.

Пешво ҳамчун Ватан шуд ҷо ба ҷон,
Андар ин ҷон, ҷони маҳбуби нигин!

Марзи дилро рахна кард бо ҳастиаш,
Ҳастие чун муҷиби меҳрофарин.

Дар радифаш ҳаммуродиф нест, нест
Пешвои ҷовидони сарзамин.

Ҷои “Тоҷикон” шуда токдони чашм,
Раҳнамои мулкшеъри нозанин.

Эй навовар, ишқилқо – Пешво,
Шодкомем аз ҳуруфи ангубин.

Пешгоҳи ҷону дил ҷои ту бод,
Эй мукаррамраҳбари ҳам ону ин.

Хонаи тан нурборон шуд зи ту,
Нури Раҳмон нури яздонӣ, яқин.

Фаслҳоро кардӣ васл бо асли асл,
Эй намои олии олитарин!

Мактаби мардонагиат таърих аст,
Таърихи сабзи муҷаллову матин.

Рӯзи навро кардӣ “Наврӯз”-и башар,
Мешавад аз ин зиёд, ҳиммат ҳамин.

Қалби Осиё шуда, қалби Ватан
Эй Душанбе, мазраи зеботарин.

Дар тану ҷон ҷорӣ аст хуни Ватан,
Аз Бадахшон то Зарафшони зарин

Дар саросар давлати рӯи ҷаҳон,
Шуд Саразми мо сари азми ҷамин.

Миллати мо шуд диёри гулбасар
Чун далеле боғи Ирамро бубин.

Аз Хуҷанд то Нораку Дарвозу Панҷ
Мешукуфад наргису ҳам ёсамин.

Ҳар нафас озод мегӯям сухан,
Шукри Пешвои муҳаббатофарин.

Пешво бо Тоҷикистон зинда бод!
Мо дуогӯем, ки озоре набин.


ЭМОМАЛӢ РАҲМОН (иншо, эссе) – Пешвои миллат

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст