Баҳор омад – шеър дар васфи Бахор

0

Шеърхо дар васфи Бахор, Баҳор омад.

бахор, духтари точик

Баҳор омаду домони теппаҳо сабз аст,
Тарона сабз, сухан сабз, муддао сабз аст.
Бигирам аз лаби ғунча дуои сарсабзӣ,
Зи бас алайҳи хазон решаи дуо сабз аст.

Устод Лоиқ


БАҲОР ОМАД

Баҳор омад, баҳор омад, баҳорон,
Ба савти Ҷаннатосои ҳазорон.

Муборак бодатон ин фасли зебо,
Намои гул, нумӯи сабзазорон.

Ба бар пероҳани гулдӯзӣ бигрифт,
Ҳама олам, ба сони гулнигорон.

Арӯсон бар сар аз гул тоҷ доранд,
Бар ангуштар нигинсо, ҳусни ёрон.

Арӯси нозанин ояд ба иқбол,
Зи шавқи ӯ равад аз дил ғуборон.

Ғубори осмон аз раҳмати Ӯст,
Бигӯ шукронаҳои абру борон!

Насими форамаш атри гуландом,
Бувад мушкин, чу зулфи обшорон.

Ҳавояш аз Ҷинону обаш аз Нил
Маҳаш Ҳур асту меҳраш нури Ёрон.

Бирав сайри чаман, Шукрихудоё,
Ки файзи гул надорад неши хорон!

Шукруллоҳ Сироҷ


Аввалин рӯзи баҳор аст муборак бошад,
Ҳамаҷо савти ҳазораст муборак бошад.
Гули бодому сияҳгӯш бувад пайки баҳор,
Дустон мавсими кораст муборак бошад.

Зарринаи Насруллоҳ


Шеър дар бораи НАВРУЗ

Шеър дар васфи Баҳор

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст