Шеър дар васфи Соли Нав (Соли нав муборак! шеърхо)

0

Шеърхо дар бораи Соли Нав (Соли нав муборак! шеър). Соли нав 2024 шеър дубайти барои Соли нав мелоди.

Соли нав Душанбе картинка

Соли нав, яъне давоми соли нек,
Соли нав, яъне паёми фоли нек.

Соли нав, яъне шукӯҳи фасли дай,
Соли нав – табрики ёрон пай ба пай.

Соли нав, яъне гузоришҳои дил,
Бо усули нав нигоришҳои дил.

Соли нав – субҳи пур аз файзу сафо,
Соли нав – оғози фасли хандаҳо.

Соли нав, яъне дами барнои вақт,
Бо тариқи тозатар эҳёи вақт.

Соли нав, яъне ба табрик омадан,
Панҷа бар пушти дари дилҳо задан.

Пас, муборак бод, ёрон, Соли нав,
Ҳадя созад бар шумо иқболи нав.


СОЛИ НАВ

Биё, эй соли пур аз бахту шодӣ,
Ба орзуҳои тифлон ҳамсафар бош.
Бирезӣ барфи бахти поку испед,
Ба қалбу дидаи мо шӯълавар бош!

Аё, соли пур аз орзуҳо,
Биёвар баҳри мардум шодӣ инъом,
Ки то дар ёди онҳо монӣ ҷовид,
Чу як хушсоли бофайзу накӯном.

Биё барнеҳ қудуми тозаю тар,
Аё, эй Соли Нав, соли саодат.
Бувад пурнозу неъмат хони мардум,
Зи рӯйи ту дамад файзу саховат!

Биё, эй муждаовар соли бохайр,
Бирезӣ зарра-зарра барфи заррин.
Ки бо дилҷамъию бо нияти нек,
Туро ҷашне гирем чун соли пешин!

Биё, эй Соли Нав, соли накӯфол,
Биё, бо орзуи хуш накӯ фол.
Туро дер интизорем бо уммеде
Бубахшо баҳри мардум фарру иқбол!

Биёвар, муждаи бахту саодат,
Биёвар, пайки сулҳу адлу ваҳдат.
Биёвар муддаои бомуроде,
Биёвар, аҳду инсофу муҳаббат!

Биё, эй Соли Нав фархунда бошӣ,
Чу уммеди дили мо зинда бошӣ.
Тамоми сол ба қалбу дидаи халқ,
Чу рӯйи субҳи нек пурханда бошӣ!

Озармеҳр


СОЛИ НАВ ПЕШВОЗ ГИРЕД

Кӯҳу даштро барф пӯшонд сап-сафед,
Чун набот шуд оби ҳавзу шохи бед.

Мисли тилло ҷилва карда рӯйи он,
Ин саҳар нури шуъои хуршед.

Мо гирифта чанаҳоро дав-давон,
Юсуфу Иқболу Бобур бо Умед.

Дода овоз бар Фузайлу Нозанин,
Назди арча Содиқу Айюб давед.

Шаҳриёру Шарбатою ҳам Самар,
Арчаи Солинавӣ оро диҳед.

Меҳмон бар мо шаванд аз дуриҳо
Барфаку Бобоиҷони ришсафед.

Омада бар мулки моён Соли Нав,
Рақсу бозӣ кардаю пешвоз гиред.

Исмат Ҳалим


СОЛАКИ НАВ МУБОРАК

Зоғи ало қар-қар кард,
Аз зимистон хабар кард,
Селаи гунҷишкакон,
Ба ҷои нав сафар кард,

Барфаки нав муборак,
Солаки Нав муборак!

Ҳуштакзанон шамолак,
Гирёнда чашми абрак,
Бар кӯҳу дара овард,
Борону барфи лак-лак.

Барфаки нав муборак,
Солаки Нав муборак!

Эй амаки телпакӣ,
Барфак омад лак-лакӣ,
Як зиёфат аз шумо,
Ба номаи барфакӣ!

Барфаки нав муборак,
Солаки Нав муборак!

Зебуннисо Тоҳириён


Биё, эй соли нав, бар манзили мо,
Зи шодӣ пар кушояд ин дили мо.

Биё, бар қалбу ҷони мо асар кун,
Дили шодони моро шодтар кун.

Зи иқдомат ҳама масрур гардем,
Зи дарду ранҷу ғамҳо дур гардем.

Диёри нозанинам-Ӯзбекистон,
Ки ҳар як гӯшаи ӯ сад гулистон,

Бигардад боз ҳам сарсабзу хуррам.
Набошем аз дигарҳо ҳеҷ гаҳ кам.

Шавад ободтар ҳар шаҳру ҳар деҳ
Ҳаёти мо бигардад боз ҳам беҳ.

Кушоянда дари иқбол мебош,
Навои сози истиқлол мебош.

Дар олам минбари сулҳу сафо шав,
Аҷаб як соли хубе баҳри мо шав.

Ӯғулой Ҷӯрабоева


Шеър дар бораи Зимистон

Соли нав муборак! Табрикоти соли навӣ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст