Намози казои ро чигуна мехонанд? Кай хондани намози казои мумкин нест?

11

#Савол

Ассалому алайкум. Намози қазоиро чигуна мехонанд? Пеш аз хондани ҳар як намози қазоӣ азону иқомат додан ва пас аз адои он гуфтан тасбеҳот шарт аст? Дар кадом вақт хондани намози қазоӣ мумкин нест? Намози казои ро чигуна мехонанд? Кай хондани намози казои мумкин нест?

#Ҷавоб

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намози қазоӣ мисли намози вақтӣ хонда мешавад. Агар чанд чанд намоз қазо шуда бошад, дар ҳар яки он азону иқомат додан шарт нест, балки дар аввали онҳо азону иқомат мегўяд ва дар намозҳои боқимонда фақат иқомат гуфтан кофӣ аст. Пас аз адои намози қазоӣ гуфтани тасбеҳот шарт нест, вале агар гўяд, хуб аст ва савоб мегирад. Хондани намози қазоӣ дар ҳама вақт дуруст аст, ба ҷуз се вақт: вақти тулўъи офтоб, вақти рост шудани офтоб дар осмон ва дар вақти ғуруби он.

Ҷавоб аз Шӯрои уламо (2058)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
11 ҷавоб
Ҷавобҳои куҳна
Ҷавобҳои нав Ҷавобҳои машҳур
Алишер
Алишер
3 сол пеш

дар вакти намоз хонда истоданам сарам дард мекунад чаро

Алй
Алй
3 сол пеш

Ман намози харузаро иложи хондан надорам Лекин бади хуфтан казоира хонам ёки пеш жавоб нависед кадомаш

Фируза
Фируза
2 сол пеш

Ман пурсиданиям ки пеш аз намози аср хондани қазоии мумкин аст ё на илтимос ҷавоб гмрдонед

Азиз
Азиз
2 сол пеш

Намози хуфтанро қазо кардам кадом вакт хонам

Камолиддин
Камолиддин
2 сол пеш

Читавр Нияти казои намози пеши гуфта мешавад ва бади дурукати ава боз зами сура карда мешпвад ё не

Чахонгир
Чахонгир
2 сол пеш

Салом алейкум ман метонам бади пешин хонам казои бомдодро еки пеш аз пешин ?

Аличон
Аличон
1 сол пеш

Аз соати 12 то як казои гузаштаро хондан мумкин

Ahmad
Ahmad
9 моҳ пеш

Ассалому ъалейкум.
Оё намози қазои хуфтанро баъди намози фарзи бомдод хондан мумкин аст?

Абдулло
Абдулло
7 моҳ пеш

Салом , мехостам пурсам, ки ман намозхоямро сари вакт мехондам, аммо такрибан 20 руз натавонистам хонда, яьне намозхоямро казо кардам.… Муфассал »