Иншо дар бораи Конститутсияи Чумхурии Точикистон

0

Иншо дар бораи Конститутсияи Чумхурии Точикистон. Рузи Конститутсия бахтномаи миллат. 

Конститутсияи Чумхурии Точикистон

Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад,ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсия шоҳодатномаи давлат ҳисобида мешавад ва дар он номи давлат,сохти давлатдорӣ нишон дода шудааст.Ин ҳуҷҷатест, ки дурнамои пешрафти ҷомеаро муайян менамояд. Эътибори олии ин санади тақдирсоз пешгирии қабули ҳама гуна санадҳои конститутсиониро кафолат медиҳад.

Дар пешгуфтори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “Халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро эълон менамояд.”

Ин санади тақдирсоз ҳуқуқи шаҳрвандонро ба зиндагӣ, ба меҳнат, ҳифзи саломатӣ, таҳсил, нафақа, истироҳату моликият, пайравӣ намудан ба дину мазҳабҳои гуногун ва ҳизбҳои сиёсӣ кафолат медиҳад. Маҳз бо шарофати қабули Конститутсия мардуми кишвар бахти хешро ёфтанд ва дар роҳи расидан ба мақсадҳои олии худ қадам гузоштанд. Ҳамаи ин халқи баору номуси ватанро водор месозад, ки санади таърихӣ ва муқаддасро эҳтиром намоем ва барои риояи қонунҳову адолати иҷтимоӣ кӯшиш намоем.


рузи конститутсия сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба қарибӣ халқи Тоҷикистон ҷашни фархундаю хуҷаста – ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Рӯзи Конститутсияро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми табрикиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Конститутсия ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад. Дар таърихи кишвари мо ҳамагӣ панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки он марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекунанд. Қабули Конститутсия агар, аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуктаҳо: озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.

Соли 1994 лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи халқ пешниҳод гардид. Аз ин лиҳоз Конститутсияро халқӣ меноманд, зеро дар таҳияи он худи халқ ширкат варзидааст. Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Вай поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат ва асосҳои сохтории он дар боби аввали Конститутсия муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хоссаеро доро мебошанд. Дар таърихи мардуми мо нахустин маротиба дар Конститутсияи мазкур қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ аст ва танҳо халқ таҷассумкунандаи Истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист.

Дар асоси он системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад. Аз ҷумла, гузаштан ба низоми бисёрзинагии таҳсилот дар соҳаи маориф, ба системаи пешқадами тандурустӣ маҳз ба шарофати муқаррароти Конститусияи давлати соҳибистиқлоламон даст дод.

Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.

Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ гардид, зеро роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикони олам, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)