# Савол
Физика чист?
# Ҷавоб
Дар даврони қадим қисми бо Табиат алоқаманди донишро физика меномиданд. Ин калимаро (дар лотинӣ ta physika) донишманди Юнони қадим Арасту (384-322 то милод) дар асоси вожаи юнонии рhysis, ки маънии табиат дорад, ба майдони истеъмол овардааст. Ҳамин аст, ки гуфтаанд:
Физика табиатро меомӯзад.