Шеър дар бораи модар – Модарнома

0

Дар ин саҳифа якчанд шеърхо дар васфи модар аз сомонаи www.SavolTJ.com, шеърхо барои Модар, модарчон шеър, шеьр модарам, модарҷон шер, модарнома >>

Сипар аз ғайб

Аз ғайб сипар дорам, зеро ки туро дорам,
Тӯмори қамар дорам, зеро ки туро дорам.

Аз шамс ба қадр афзун, аз бадраи бадр афзун,
Ман чизи дигар дорам, зеро ки туро дорам.

Шодии дилам, модар, ҳодии дилам модар,
Дар ишқ сафар дорам, зеро ки туро дорам.

Пайванди чунин зебо, паймони чунин барҷо
Бо кулли башар дорам, зеро ки туро дорам.

Дар панҷараи бозам, дар пардаи овозам
Наҷвои саҳар дорам, зеро ки туро дорам.

Дар маҷмари чашмонам, дар дайкадаи ҷонам
Дар даста шарар дорам, зеро ки туро дорам.

Аз ҷузъ равам то кул, аз зарби дили ҳар гул
Ман нағз хабар дорам, зеро ки туро дорам.

Меҳмониву меҳмонам, мемониву мемонам,
Бо он ки гузар дорам, зеро ки туро дорам.

Устод Фарзона


Модарнома

Намонам ташна, то дарёи дил ҳаст.
Намирам, то маро дунёи дил ҳаст.
Набошам ҳеҷ гаҳ танҳо ба олам,
Маро модар, чу он яктои дил ҳаст.

Ҷаҳон ҷое, ки менозӣ, набошад.
Ҳаёти одамӣ бозӣ набошад.
Дар ин дунёву он дунё ту ҳеҷӣ,
Агар модар зи ту розӣ набошад.

Баҳоят бебаҳоӣ, модари ҷон.
Хатоят бехатоӣ, модари ҷон.
Раҳи дигар набошад ҷуз раҳи ту,
Ки дар роҳи Худоӣ, модари ҷон.

Барои худ агар сарвар шавам, бас.
Умеди хешро раҳбар шавам, бас.
Агар чун сарв будам бесамар, лек
Асои пирии модар шавам, бас.

Бимирам дар қадамҳои ту, модар,
Бибӯсам бо ҳавас пои ту, модар.
Бихоҳам дар барам поянда бошӣ,
Нагирад ҳеҷ кас ҷои ту, модар.

Сафар Абдураҳимов

модар модарчон картинка


Баҳри Модарон!

Хоки пояш сурмаи чашми сар аст,
Дар ризояш Ҷаннате пеши дар аст.

Баҳри ҳурмат лоиқи мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Шири покаш лаззате аз Кавсар аст,
Аз ҳама шириниҳо ширинтар аст.

Баъди Ҳақ чун розиқи мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Ҳар садояш бар дили мо ҷавҳар аст,
Аллаҳояш як каломи дигар аст.

Хушзабону нотиқи мо кист,кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Кокули испеди ӯ мушки тар аст,
Рӯи ожангаш чу моҳи анбар аст.

Нури шоми торики мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Ҳар дуояш баҳри мо бахтовар аст,
Чун давое бар дилу ҷону сар аст.

Пас табиби ҳозиқи мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Қуввати дил гарчи моро додар аст,
Баҳри мо дилсуз гарчи хоҳар аст.

Бовафову содиқи мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Ёқуту марчону дуру гавҳараст,
Аз ҳама ганчи ҷаҳон қимматтар аст.

Бебаҳо бар Тоҷики мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст….


Дигар Шеърҳо дар васфи Модарро инҷо хонед <<

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст