Шеър дар бораи падар – Падарчон шеър

0

Дар ин саҳифа якчанд шеърхо дар васфи падар аз сомонаи www.SavolTJ.com, шеърхо барои Падар, падарчон шеър, шеьр падарам, падарҷон шер >>

Туро фарзанд будан ифтихор аст…

Эй дӯст, чӣ хуш, ки ҳамнишини падарӣ,
Фарзанди накуву беҳтарини падарӣ.
Он чӣ, ки бимонад аз падар номи накӯст,
Аз мову ту нест ин замини падарӣ.

Чун кӯҳи баланд доимо дар назар аст,
Хомӯш, валек аз ҳама бохабар аст.
Якумр кашида бори ин умри гарон,
Сад ғусса ба дил, оҳ нагӯяд, падар аст.

Девор танам, ки такягоҳи падар аст,
Дар роҳи садоқатам, ки роҳи падар аст.
Аз деву даду адӯ наметарсам ман,
Тарсам ба ҷаҳон аз як оҳи падар аст.

Чизе, ки бароям аз падар мерос аст,
Як номи баланду қалби пурэҳсос аст.
Бо ҳарфи калон менависам ҳар ҷо,
Чун номи падар ҳамеша номи хос аст.

Агар бошӣ, зимистонам баҳор аст,
Набошӣ, хонаи ман сарду тор аст.
Ба ҳастии ту менозам, падарҷон
Туро фарзанд будан ифтихор аст.

Сафар Абдураҳимов


Шеърхо дар васфи Падар

Падар, яъне тапиш дар қалби хона
Падар, яъне тасаллут бар замона.

Падар, эҳсоси хубе такя бар кӯҳ,
Падар, яъне тасаллӣ вақти андӯҳ.

Падар, яъне зи ман ному нишона
Падар, яъне фидои аҳли хона.

Падар, яъне ғуруру мастии ман
Падар, тамоми ҳастии ман.

Падар лутфи Худо бар одамизод
Падар қонуни меҳру ишқу имдод.

Падар мушкилкушои хонавода
Падар як қаҳрамони фавқулода.

Падар сурх мекунад сурат ба селӣ
Рухи фарзанд нагардад зарду нелӣ.

Падар лутфи Худо рӯи замин аст
Ҳамеша лоиқи сад офарин аст.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст