Абдумалик Баҳорӣ кай ва дар куҷо ба дунё омадааст?

0

# Савол

Абдумалик Баҳорӣ кай ва дар куҷо ба дунё омадааст? Кай вафот кардааст?

Абдумалик Бахори кай ва дар кучо ба дунё омадааст?

# Ҷавоб

Абдумалик Баҳорӣ 22 марти соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст.

Ӯ 3 декабри соли 2010 дар синни 83 солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузаштааст.

# Намунаи ашъор

Хавотир буд доим модари ман,
Зи номафҳум тақдири сари ман.

Ба ман мегуфт танҳову ғарибӣ,
Зи иқболу саодат бенасабӣ.

Дадоят бармаҳал рафт, эй писарҷон,
Акоят баҳри кишвар гашт қурбон.

Хазон шуд бо азоб умри ҷавонам,
Мани муштипар акнун нотавонам.

Агар ғалтӣ, кӣ мебардорад аз хок?
В-агар гирйӣ, кӣ чашмат мекунад пок?

Надорам ақрабои бонуфузе,
Ки кор ояд ба рӯзеву ба сӯзе.

Аз он тарсам, ки хору зор гардӣ,
Ҳубобе дар кафи анҳор гардӣ.

Дар олам бекасӣ ҳоли табоҳ аст,
Ҳақир аст он, ки бепушту паноҳ аст…

Маро ҳизби ленинӣ пуштибон шуд,
Тамоми давлатам аз лутфи он шуд.

Бале, сӣ сол шуд, ки узви ӯям,
Худамро бекасу танҳо нагӯям.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст