Иди Мехргон шеърхо – Шеър дар васфи ҷашни Меҳргон

0
Таблиғ барои пешрафти сомона

Иди Меҳргон шеърҳо – Шеър дар васфи чашни Мехргон шеърхо.

Меҳргон

Меҳргоно, меҳр бар ёрон фирист,
Шодмониҳо ба ғамдорон фирист.

Хонаи моро зи меҳмон пур бикун,
Хони моро неъмати алвон фирист.

Ранҷбарҳоро бикун аз ганҷ сер,
Ҳам шифо бар дарди беморон фирист.

Доғи ғам шӯй аз дили ҳар боғбон,
Ҳосили ҳангуфт бар деҳқон фирист.

Сурх кун барги дарахти сабзро,
Сурхрӯиҳо ба ину он фирист.

Шохҳои абрҳоро сабз дор,
Бар заминҳо ғӯраи борон фирист.

Бар Фаридун номаи фатҳе навис,
Бар Дамованд он ялон алъон фирист.

Чормех аз нав бикун Заҳҳокро,
Пайки марг аз нав ба он морон фирист.

Меҳргоно, меҳри моро кам макун,
Меҳрубониҳо ба тоҷикон фирист.

Равшани Ҳамроҳ


Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад,
Бонгу овои дарои корвон омад.
Корвони Меҳргон аз Хаззарон омад,
Ё зи ақсои билоди Чинситон омад.


Шод бош, эй дӯст, омад Меҳргон,
Шодмонӣ оварад бар дӯст он.
Муждагонӣ медиҳад аз файзи ом,
Ҷашни меҳрасту русуми хусравон.


МЕҲРГОНИ МЕҲРБОН

Аз сабо пайғоми ҷон ояд ҳаме,
Меҳргони меҳрбон ояд ҳаме.

Бо ҳазорон каф Фаридуни чанор
Зарфишон дар бӯстон ояд ҳаме.

Бод бол аз барги гул бикшодааст,
Чун ҳумои парфишон ояд ҳаме.

Мечакад хун аз ду рухсори анор,
Лаъли дандонаш аён ояд ҳаме.

Ҳарчи пинҳон дошт аз мо то кунун,
Ин замонаш бар забон ояд ҳаме.

Рафт моҳи тиру омад моҳи меҳр,
Меҳр бе тиру камон ояд ҳаме.

Ҳофиз аз Шерозу Салмон аз Ироқ,
Бедил аз Ҳиндустон ояд ҳаме.

Ҳар ки меҳре парварад, дар Меҳргон
Сӯйи шоҳи Мулиён ояд ҳаме.

Рустами Ваҳҳоб


Ҳар гаҳе дар меҳргон дилҳо мунаввар мешавад,
Ранги олам мисли тилло соф асфар мешавад.

Баргҳои ҳар дарахти сабзгуни бордор,
Дар талоши умри бобунёд аҳмар мешавад.

Чун саховатпеша бошад тирамоҳи зарнигор,
Коми ҳар як одамӣ аз мева шаккар мешавад.

Боз аз борони раҳмат баҳра бардорад замин,
Ҳар пайе, ки хушк бошад, ҳавзи Кавсар мешавад.

Аз баҳорон сабр кардам шуд аён дар тирамоҳ,
Дар садаф аз собирӣ ҳар ҳаста гавҳар мешавад.

Меҳргон идест, дар дил оварад шавқу сурур,
Қалби ҳар кас аз насимаш байти анвар мешавад.

Ҳикмате дорад, Саодат, фасли поиз аз азал,
Гар самар бошад касеро вирди дафтар мешавад.

Саодат

луғат: асфар – зард
аҳмар – сурх


 

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)