Парчам рамзи давлатдорӣ! (иншо, эссе дар бораи парчам)

0

Иншо ва ё эссе дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон. Парчами Чумхурии Точикистон 24 ноябр.

Парчам рамзи давлатдорӣ!

Ҷашни Рӯзи Парчам – эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.

Эмомалӣ Раҳмон

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил Парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул намоянд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24-уми ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”” Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 – уми ноябр бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар саросари кишвар вобаста ба ин ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд.

Дар навбати худ, дар баробари Нишон, Артиш ва асъори миллӣ Парчам низ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукнҳои давлатдорист. Парчам баёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъикоскунандаи сарватҳои маънавию моддии миллат аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти воқеии Тоҷикистон буда, дар худ тамоми арзишҳои милливу мазҳабиамонро таҷассум намудааст.

парчами Тоҷикистон

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Парчами худ муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро чуноне, ки зикр кардем, Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ барҳақ гуфтаанд, ки “Бигзор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар гардонида, асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд”.

Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва сайъу кӯшиши халқу миллати тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода менамояд.

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Итминони комил дорем, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик, хусусан ҷавонони шуҷои кишвар аз Парчами миллии худ ифтихор менамоянд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.

Дирафши Коваи оҳангар дар замири тоҷикон мақому шукуҳи таърихии худро гум накарда, балки сол аз сол эътибору манзалати он афзун мегардад. Дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ замони парафрохтани онро оғози муборизаҳои озодихоҳии аҷдоди мо барои аз байн бурдани зулму истибдод меҳисобанд. Аз он айём то имрӯз садоқати мардум нисбат ба Парчам ҳамчун рамзи озодӣ ва давлатдории тоҷикон бештар гардидааст.

Рӯзи Парчами миллӣ муборак

Парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст.

Тасвири ойини парчамдорӣ ҳатто безаволии Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” як навъ дарсу омӯзиши муҳорибаҳо ва омодагии ҷангӣ буда, дастури таърихӣ ва заминавие барои тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии наслҳои имрӯза мебошад.

Дар он айём, Парчам бо номи дирафш машҳур буда, рамзи мавҷудияти давлат ва императориҳо будааст.

Дар “Шоҳнома” – и Абулқосим Фирдавсӣ вожаи дирафш ва васфи он тақрибан, 700 маротиба зикр ёфтааст. Намунае аз байтҳои ин шоҳасар дар васфи дирафш:

Ҳама лашкар аз ҷоӣ бархостанд,
Дирафши Фаридун биёростанд.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.  Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамкорони мӯҳтарам ва тамоми тоҷикистониёнро дар остонаи ин ҷашни фархунда – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона муборакбод мегӯям.

Орзумандам, ба бахти мо, давлати ин миллати наҷиб, ки тӯли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳаммул намуда, акнун насими озодиву истиқлол бар машоми ҷонаш вазидан дорад, бардавом монад. Умедворам, ки суруди миллии ин миллат ба таври ҳамеша танинандоз ва Парчами давлатии ин давлат ҷовидон парафшон бошад.

Парчам рамзи давлатдорӣ!


Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон (иншо дар бораи парчам)

Табрикот ба Рузи Парчами Чумхурии Точикистон (шеър)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст