Шеър барои Занги охир

0

Шеър дар васфи занги охирин. Шеърхо барои занги охир / занги камолот. Шеър дар бораи Хайр мактаб. Табрикоти занги охирин.

занги охир занги камолот 1


Садои занги охир

Набошад хайрбоди шодии дил
Ба гӯши мо садои Занги охир.
Диҳад балки паём аз аввали роҳ,
Ки дорӣ лаҳзаҳоятро ба хотир.

Ба ёдат мерасонад ин ки фурсат
Ба як чашмак задан гум мешавад, гум.
Ҷавониро, ки бошад сарвати ту,
Азизаш дор мисли нони гандум.

Мабодо, ки ба савти Занги охир
Даруни сина уммедат занад занг.
Бувад он балки занги соати дил,
Ки иксири ҷавонӣ дор дар чанг.

Агарки Занги аввал менамояд
Ба сӯйи мактабу дониш ҳидоят.
Бидон, ки Занги охир мекушояд
Гиреҳи сад муамморо бароят.

Бихоҳам, ки ба ёди ту шавад нақш
Китоби чеҳраи ёрони содиқ.
Ки баъд аз хатми мактаб дарнаёбӣ
Чу ҳамдарсони худ ёри мувофиқ.

Хусрав Саъдуллоҳ


Занги охир дар дилам сӯзу гудозеро гузошт,
Лекин аз даври ҷавонӣ як тирозеро гузошт.

Дӯстон рафтанд ҳар сӯ аз раҳу пайроҳаҳо,
Зиндагӣ дар пеши ман рои фарозеро гузошт.

Ишқи аввал буд дар дил, мурд дар дил оқибат,
Лек беизҳор як бинҳуфта розеро гузошт.

Даври мактаб бкд вақти донишу илму адаб,
Занги охир дар дили мо ранҷу мозеро гузошт.

Зикруллои Зубайдулло


Бонги занги охирин оҳиста шав,
Бо садои зиндагӣ пайваста шав.

Бо садои беғубори кӯдакӣ,
Бо садои тобдори зиндагӣ.

Алвидоъ, эй панҷу чори кӯдакӣ,
Хайра мақдам, панҷу чори зиндагӣ.

То хатам бо хатти дафтар ҷӯр шуд,
Эй муаллим, чашми ту камнур шуд,

Рост кардӣ каҷмакаҷ хатҳои ман,
То нависам рост таърихи Ватан.

Алвидоъ, эй панҷу чори кӯдакӣ,
Хайра мақдам, панҷу чори зиндагӣ.

Алвидоъ, эй пешдомони сафед,
Хайра мақдам, бахту армони сафед.

Эй дару девори мактаб як дуо,
Як дуои хайр аз сидқу сафо.

Алвидоъ, эй панҷу чори кӯдакӣ,
Хайра мақдам, панҷу чори зиндагӣ.

Назри Яздонӣ


ЗАНГИ ОХИР

Садо дода ҳамакнун занги охир,
Бисозад гиря моро ҳам гулӯгир.
Ҳама аз ин садои ҳузновар,
Шуда маҳзуну андӯҳгину дилгир.

Бигӯяд ноаён зангӯла бар мо:
Даме бар ҳарфҳоям гӯш бинмо.
Ба қадри зиндагӣ бояд расидан,
Ки ҳастӣ зиндагиро роҳпаймо.

Ҷавони хуб, хирад омӯз ҳар дам,
Ки бо илмаш тавоно бошад одам.
Кушо чашмони хоболуди худро,
Ба роҳи нек то монӣ ту мақдам.

Зикруллои Зубайдулло


Шеъри лозимаи худро наёфтед? Пас ин навиштаҳои дигари моро бубинед >>

Занги охир – шеърхо, сухан, матн ва табрикот

Шеърхо барои Занги охир

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст