# Савол
Модда чист?
# Ҷавоб
Модда чизест, ки ҷисмҳо аз он сохта мешаванд. Чунончи, об модда аст, аммо чакраи об ба ҷумлаи ҷисмҳои физикӣ дохил мешавад. Чумча (қошуқ)-и чӯбин ҷисм аст, валекин чӯберо, ки чумча аз як пораи он сохта шудааст, модда номидан мебояд. Аммо ҳамон чӯб, агар мо онро ба сифати дастак, болор (рав) ё тири ҷувоз ба кор бурданӣ бошем, бояд ба ҷумлаи ҷисмҳо дохил карда шавад.
