Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори истиқлолияти энергетикӣ (иншо)

0

Эмомали Рахмон – бунёдгузори истиклолияти энергетики (иншо). Иншо эссе дар бораи Пешвои миллат.

Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллати тоҷикон


Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори истиқлолияти энергетикӣ

“Роғун – ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад.”

 Эмомалӣ Раҳмон

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ва соҳибистиқлол гардидани кишварҳои дар ҳайати он буда, вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар як қатор ҷумҳуриҳо тезу тунд гардида, боиси муноқишаҳои дохилӣ, бесарусомонӣ ва халалдор шудани ҷараёни рушду тараққиёт гардид. Бинобар сиёсати ягонаи мутамарказкунонидашуда, вобастагӣ миёни ҳамдигар ва амал тибқи нақшаи ягона доштани ҷумҳуриҳои пасошуравӣ, онҳо бидуни дастуру супориши марказ кореро мустақилона анҷом дода наметавонистанд.

Иттиҳоди Шуравӣ дар раванди ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва ҷамъиятии собиқ кишварҳое, ки муддати 70 сол дар тобеияти он буданд, нақши калидӣ дошт. Давлати абарқударте, ки дар заминаи муносибатҳои сиёсию ҷамъиятӣ ташаккул ёфта, ба авҷи инкишофу тараққиёт расида буд, соли 1991 баъди пошхӯрӣ барои он кишварҳо пайомади ногувореро ба бор овард.

Низоми ягонаи иқтисодӣ ва энергетикие, ки тули даҳсолаҳо бунёд гардида, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бо ҳам мепайвасту дар заминаи мубодилаи молу маҳсулот ва ашёи мавриди ниёз ҳамарӯза фаъолият менамуд, аз ҳам ҷудо гардид. Мушкилоти асосӣ дар он зоҳир гардид, ки ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ дар алоҳидагӣ наметавонистанд иқтисодиёт, саноат ва соҳаи кишоварзиро инкишоф диҳанд. Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тавре роҳандозӣ гардида буд, ки ҷумҳуриҳо эҳтиёҷоти корхонаҳои худро аз ҳисоби ашёи хоми дигар ҷумҳуриҳо таъмин менамуданд. Масалан, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ таъминкунанди ашёи хом барои корхонаҳои марказ ба ҳисоб мерафтанд. Аксар корхонаҳои саноатии ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия, Украина, Белорусия ашёи хомро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мегирифтанд. Ё ин ки маҳсулоти саноатии тайёр бештар аз ҷумҳуриҳои номбурда ба Осиёи Марказӣ оварда мешуд.

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани кишварҳои собиқ шуравӣ, робитаҳои иқтисодӣ низ то ҷое қатъ гардиданд. Барои кишварҳое, ки саноату иқтисодиёташон он қадар пешрафта набуд, мушкилоти иқтисодӣ бештар эҳсос мегардид.

Баъди мустақил гардидани ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ ва коҳиш ёфтани робитаҳои иқтисодию саноатӣ аксар корхонаҳо аз кор монданд, ки чунин ҳолат ба болоравии буҳрони молиявию иқтисодӣ дар ҷумҳуриҳои пасошуравӣ мусоидат намуд.

Тоҷикистон дар радифи ҷумҳуриҳои дигари собиқ шуравӣ мустақилияти худро ба даст овард, вале он осон ба мо муяссар нагардид. Зеро дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ дучор шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси хисороти зиёди ҷонию молӣ гардида, пешрафти соҳаҳои иқтисодиётро ба даҳсолаҳо қафо партофт. Тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ харобу валангор гардида, молу ашё ва таҷҳизоти муассисаву корхонаҳои саноатӣ ғорат карда шуданд.

Бо вуҷуди душворӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта, соҳибистиқлолӣ шароит фароҳам овард, ки мо ояндаи давлату миллат ва рушду инкишофи минбаъдаи ватанамонро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таъмин ва дар баробари ин, захираҳои бою ғании табииро, ки дар Тоҷикистон хеле зиёд аст, барои рушду тараққиёт истифода намоем. Истиқлолият, ҳамчун рамзи ватану ватандорӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги оламгир дар назди роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ва ба дӯши мардуми сарбаланду миллати тамаддунофари тоҷик вазифаҳои басо бузургу муҳимро вогузор намуд.

Барои давлати мустақилу ҷавони Тоҷикистон замоне фаро расид, ки мебоист бе дахолати дигарон ва таъсиррасонии қувваҳои беруна пойдорию устуворӣ ва бақои давлатро таъмин, ҳувияту асолати миллат ва ормонҳои ҳазорсолаи худро эҳё созад.

Роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар назди худ мақсад гузошт, ки барои рафъи мушкилоти дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию саноатии мамлакат ҷойдошта ҳадафҳои стратегиро амалӣ намояд. Маҳз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мисоли таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардану ба кишвари транзитӣ табдил додан, аҳолии ҷумҳуриро ба ғизои хушсифат таъмин намудан, ягона роҳи наҷоти давлату миллат ва аз буҳрони молиявию иқтисодӣ баромадани мамлакат ба шумор мерафт.

Мушкилот ва душвории асосие, ки дар оғози даврони истиқлол эҳсос мегардид, ин масъалаи ташаккулу таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб мерафт. Лозим ба ёдоварист, ки рушду тараққиёти иқтисодиёт ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз истиқлолияти энергетикӣ вобастагии зиёд дошт. Соҳаи энергетика, бахусус ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ, таъмини аҳолӣ бо рӯшноӣ ва гармидиҳӣ дар ин давра ба мушкилоти асосӣ дучор гардида буд. Норасоии қувваи барқ дар мавсими зимистон барои аҳолӣ душвории зиёдро эҷод мекард. Дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз ба аҳолӣ ҳамагӣ 2-4 соат қувваи барқ дода мешуд. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ва баромадан аз ин душвориҳо, ин бунёду сохтмони неругоҳҳо буд. Бахусус, қисмати шимоли мамлакат, ки дар замони Шуравӣ тавассути шабакаи ягона аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо қувваи барқ таъмин мегардид, баъди мустақилияти кишварҳои минтақа ва ҷудо шудани онҳо аз шабакаи ягонаи барқтаъминкунӣ ба норасоии неруи барқ рӯ ба рӯ гардид.

Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар бораи манфиатовар будани бунёди неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ- энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар – сухан мекарданд.

Пешвои муаззами миллат таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро яке аз стратегияҳои муҳимми сиёсати давлати Тоҷикистон арзёбӣ карда, барои ҳалли ин масъалаи ҳаётӣ талошу кӯшиши зиёде ба харҷ доданд.

Бо мақсади таъмини минтақаи шимоли мамлакат бо қувваи барқ соли 2009 ба бунёди хатти 500 киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, ҳамзамон, хатти баландшиддати интиқоли барқии 220 киловолтаи “Хуҷанд-Айнӣ” асос гузошта шуд. Дар як муҳлати кӯтоҳ бунёди онҳо ба анҷом расонида шуда, ҷиҳати таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ ва бунёду истифодаи корхонаҳои саноатӣ бо дастури Сарвари давлат сохтмону бунёди неругоҳҳо ва хатҳои интиқоли қувваи барқ оғоз гардиданд.

Президенти кишвар шахсан ба минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар карда, бо муҳити зист, иқлим, роҳ ва имкониятҳои бунёди инфрасохтори зарурӣ аз наздик шинос гардида, вобаста ба шароити маҳал ва мавқеи ҷуғрофӣ барои сохтмони иншооти энергетикӣ дастур медоданд. Ин азму талоши Сарвари давлат буд, ки дар андак муддат дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ба сохтмони неругоҳҳои барқи обии иқтидораш миёна шуруъ карда шуд.

Бояд қайд кард, ки дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсиланеругоҳҳои хурди барқӣ дар давоми солҳои 2009-2020 даҳҳо неругоҳҳои обӣ сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, сохтмони хатти 220 киловолтаи интиқоли неруи барқи “Лолазор – Хатлон” ва неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт мушкилоти таъмини қувваи барқро ба аҳолӣ осон намуданд.

Илова ба ин, бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва самараноки неругоҳҳои барқи обии Норак, Сарбанд ва Қайроқум корҳои таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ ба анҷом расонида шуда, айни замон онҳо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда истодаанд.

Бо мақсади аз таъмиру таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, ки солҳои 70-уми асри гузашта сохтаву ба истифода дода шуда буд ва муддати беш аз 40 соли фаъолият таҷҳизоти техникӣ, хусусан агрегатҳояш куҳнаву фарсуда ва таъмирталаб гардида буданд, Лоиҳаи “Барқарорсозии НБО Норак” таҳия гардид, ки муҳлати амали он июни соли 2017 то декабри 2023-ро дар бар мегирад. Арзиши лоиҳаи мазкур 328 миллион сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби маблағҳои қарзию грантии Бонки умумиҷаҳонӣ (Ассотсиатсияи байналмилалии рушд), қарзи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ва қарзи Бонки авруосиёгии рушд татбиқ гардида истодааст.

Барои амалӣ намудани лоиҳаи “Барқарорсозии НБО Сарбанд” бошад, моҳи декабри соли 2013 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишнома ба имзо расид. Муҳлати амали он то моҳи октябри соли 2022 буда, дар ин давра корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Чунончи ба ҳолати 1 июли соли 2022 дар Неругоҳи барқи обии Сарбанд агрегатҳои 1, 2, 3, 5 ва 6 пурра иваз карда шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки 20 марти соли 2022 агрегати 3 неругоҳи номбурда бо иштироки Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корҳои таъмиру таҷдид дар дигар қитъаҳо идома доранд.

Неругоҳи барқи обии Қайроққум аз лиҳози фаъолият пурсобиқатарин неругоҳ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, солҳои 1956-1957-ум сохта ба истифода дода шуда буд. Тули беш аз 60 соли фаъолият ва истеҳсоли самараноки қувваи барқ дар неругоҳ зарурати таъмиру таҷдид ва азнавсозии таҷҳизоти техникӣ ба миён омад. Арзиши Лоиҳаи “Таҷдиди НБО Қайроқум” 328 миллион сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби маблағҳои қарзию грантии Бонки умумиҷаҳонӣ (Ассотсиатсияи байналмилалии рушд), қарзи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ва қарзи Бонки авруосиёгии рушд татбиқ гардида истодааст.

Арзиши умумии лоиҳа бошад, беш аз 200 миллион доллари ИМА буда, корҳои тармиму таҷдид ва азнавсозӣ аз ҳисоби маблағҳои қарзию грантии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ба амал бароварда мешаванд. Баамалбарории татбиқи лоиҳа аз соли 2014 то моҳи декабри соли 2023 дар назар дошта шудааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки баъди анҷоми корҳо иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 126 МВт қаблӣ ба 174 МВт расонида шавад. Аз давраи татбиқи лоиҳа то санаи 1 августи соли 2022 ба маблағи 90 миллион доллари ИМА корҳои таҷдиду азнавсозӣ анҷом дода шуданд.

Бо мақсади дастрасӣ ба қувваи барқ ва осон намудани мушкилоти сокинони ВМКБ татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО “Себзор” ба нақша гирифта шудааст, ки маблағгузории он 59 миллиону 400 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ин маблағгузорӣ аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ва Бонки рушди Олмон ба амал бароварда мешавад.

Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи сохтмони мазкур бунёди 18 км хатти интиқоли барқи 110 кВт “Себзор-Хоруғ” аз ҷониби ширкати ҶДММ “Помир” ба нақша гирифта шуда, корҳои таҳвили таҷҳизот ва сохтмон оғоз гардиданд.

Аламшозода А. А.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст