Агар бо духтари насрони никох кунем, никох чи хел мешавад?

0

# Савол

Агар бо духтари насронӣ издивоҷ кунӣ ва ӯ дар дини насронӣ бошад, никоҳ чӣ гуна бояд сурат гирад? Агар фарзанд шавад, валади зино ҳисоб мешавад ё не? Агар бо духтари насрони никох кунем, никох чи хел мешавад?

# Ҷавоб

Тибқи фармудаи Худованд ва мувофиқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ никоҳ бо зани насронӣ саҳеҳ мебошад ва фарзанде, ки аз ин никоҳ ба вуҷуд меояд, мусулмонзода буда, насабаш собит мегардад ва ҳаргиз валади зино ҳисоб намешавад. Лекин ин никоҳ низ мисли никоҳи мусулмонӣ бояд сурат гирад, яъне иҷобу қабул ва ҳузури шоҳидон дар он шарт аст.

Шӯрои уламо (1483)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)