# Савол
Зебуннисо кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи ашъори Зебуннисо.
Зебуннисо кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи ашъори Зебуннисо.
# Ҷавоб
Зебуннисо ҳамчун шоираи ширинсухан дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик бо ғазалҳои пурмазмуни худ шӯҳрат пайдо кардааст. Зебуннисо 15 феврал 1638 дар шаҳри Деҳлӣ дар хонадони шоҳ ба дунё омадааст.
Зебуннисо 3 марти соли 1702 дар сини 63-солагӣ дар Деҳлӣ даргузаштааст. Бинобар васияташ пайкарашро ба Лоҳур мебаранд ва дар боғе, ки бо хоҳиши худи ӯ бунёд гардида буд, ба хок месупоранд.
# Намунаи ашъор
Духтари шоҳам валекин рӯ ба фарқ овардаам,
Зебу зинат бас ҳаминам номи ман Зебуннисост.
Булбул аз гул бигзарад, гар дар чаман бинад маро,
Бутпарастӣ кай кунад гар барҳаман бинад маро?!
Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Лолаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.
Ҳар матоеро харидорест дар бозори ҳусн,
Пир шуд Зебуннисо ӯро харидоре нашуд.
Меравам, имшаб, туро бедор хоҳам карду рафт,
Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.
Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор,
Водии ҳиҷрон гулу гулзор хоҳам карду рафт.
Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,
Бас дили аҳли ситам абгор хоҳам карду рафт.
Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,
Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.

