23 феврал – рузи Артиши милли (эссе)

0

Эссе ва сухан дар бораи рузи Артиши милли, рузи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон. Иншо барои рӯзи Артиши миллӣ, рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 февраля.

23 феврал - рузи Артиши милли (эссе)
23 феврал – рузи Артиши милли (эссе)

ВАТАНДӮСТӢ АЗ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ОҒОЗ МЕЁБАД.

Ҳама сола 23 – феврал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида мешавад. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ин боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол, қувваҳои мусалаҳаш мебошад.

Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.

Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд тамрини низомӣ гузаронида ва посбониву ҳушёри ва зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад.

23 феврал – рузи Артиши милли

Аз ин рӯ, бе дудилагӣ ҳар як модар фарзандашро бо даъвати баҳори ва тирамоҳӣ ба хизмат бояд ҳидоят намуда ва аз хизмати онҳо ифтихор намояд. Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум, аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад.

Дар даврони соҳибистиқлоли ҷавонон бояд як нуқтаро дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ки ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ буда, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон – Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем.

Ба қадри Модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ – Истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, суботу озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ ва таъриху маданияти халқи худ бирасем ва барои наслҳои ояндаи худ гузоштани мероси арзанда, талош варзем.

рузи артиши милли, дар бораи артиши милли. 23 февраля рузи артиши милли, шеър дар бораи артиши милли

Шеър дар бораи рузи артиши милли (табрикот)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст