Шаклхои муносибати сиёсат кадомхоянд?

0
Таблиғ барои пешрафти сомона

#Савол

Шаклхои муносибати сиёсат кадомхоянд?

#Ҷавоб

Сиёсат ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ одатан ба се шакли муносибат ҷудо мегардад: сиёсат ҳамчун фаъолият; сиёсат ҳамчун илм; сиёсат ҳамчун санъат.

  • Сиёсат ҳамчун фаъолият – сиёсате мебошад, ки дар ин ё он самт амалӣ карда мешавад (масалан, дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, амният, муносибатҳои байналхалқӣ ва ғ.).
  • Сиёсат ҳамчун илм – ин лоиҳаҳои гуногуни назариявие мебошанд, ки аз доктринаҳои сиёсӣ ва асосҳои методологии сиёсат ва дигар падидаҳои сиёсӣ иборатанд. Вазифаи асосии сиёсат ҳамчун илм аз ояндабинии омилҳои мухталифи фаъолияти сиёсӣ, муайян намудани мақсад ва вазифаҳои сиёсати давлатӣ иборат мебошад.
  • Сиёсат ҳамчун санъат – ин санъати идоранамоӣ, амалӣ гардонидани ҳокимият, ҳимоя намудани манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, санъати ба даст овардан ва нигоҳ доштани ҳокимият, санъати интихоб намудани усул ва воситаҳои ба ҳадаф расидан ва ғ. мебошад.
Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии