# Савол
Амир Хусрави Деҳлавӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи ашъори Амир Хусрави Деҳлавӣ.
Амир Хусрави Дехлави кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи ашъори Амир Хусрави Дехлави.
# Ҷавоб
Соли 1253 дар шаҳрчаи Патёлаи наздики Деҳлӣ Амир Хусрав чашм ба ҷаҳон бикшод.
Амир Хусрави Деҳлавӣ дар синни 72-солагӣ 27 сентябри соли 1325 дар шаҳри Деҳлӣ вафот мекунад. Ҷасади шоирро дар паҳлуи пири рӯҳонияш Низомуддини Авлиё ба хок месупоранд.
# Намунаи ашъор
Ҳар кас, ки ба зулм кардан омӯхта шуд,
Аз новаки мазлум дилаш дӯхта шуд.
Парвона, ки бар шамъ зад, афрӯхта шуд,
Бар сӯхтагон ҳар кӣ бизад, сӯхта шуд.
Чандин тамаъу ҳирс дар обу гили ту,
В-охир ба дили хоки сияҳ манзили ту.
Ҳарчанд, ки хокро бибезӣ, эй дӯст!
Аз хок ҳамин хок бувад ҳосили ту.
Не сина зи ҳирси зар ба оташ дорем,
Не дил зи пайи тамаъ мушавваш дорем.
Нони ҷаву оби чаҳу кунҷе холӣ,
Ё Раб, ки чӣ зиндагонии хуш дорем.