Таблиғ барои пешрафти сомона
# Савол
Арзиши гумрукии мол чист?
# Ҷавоб
Арзиши гумрукии мол арзиши молест, ки аз сарҳади гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ёфта, муайян мегардад ва ба мақсадҳои зерин истифода бурда мешавад:
1) таҳти пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукӣ қарор додани мол;
2) ба кор бурдани тадбирҳои дигари танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон.