Шеър дар васфи Модар ва Падар

0

Шеърхо дар бораи Падару Модар, Падарчон Модарчон шеър.

Падару модар

Падар! Модар!

Падар ҳар ҷо ту бошӣ, кам надорам,
Ва модар дар канорат ғам надорам.

Падар ҳар ҷо ту бошӣ, бехаёлам
Ва модар дар канорат бемалолам.

Падар ҳар ҷо ту бошӣ, подшоҳам
Ва модар дар канорат дар паноҳам.

Падар ҳар ҷо ту бошӣ, пурғурурам
Ва модар дар канорат ғарқи нурам.

Падар ҳар ҷо ту бошӣ, бениёзам
Ва модар дар канорат сарфарозам.

Падар ҳар ҷо ту бошӣ, шермардам
Ва модар дар канорат нест дардам.


Шеър дар бораи падар

Шеър дар бораи модар

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст