Зодруз муборак – табрикнома

0

Дар ин саҳифа якчанд табрикнома ва табрикот барои зодруз оварда мешавад. ҳам сухан ва ҳам шеър, метавонед истифода баред >>

зодруз муборак, зодруз муборак табрикнома картинка табрикнома барои зодруз

зодруз муборак зодрӯз муборак табрикнома


МУБОРАКБОДӢ

Имрӯз яке аз дӯстони мо зодрӯз дорад.
Оминаҷони азизи мо! Зодрӯзатон муборак бошад. Бароятон дар ин рӯзи мавлуд сиҳату саломатӣ, умри дарозу ризқи фароз, хушрӯзию пирӯзиҳоро таманно дорем! Бигузор, ҳамеша тандурусту солим ва сарбаланду фирӯз бошед!

Ҳамеша хурраму шод бошу масрур,
Ҳамеша масруру мақсуду масъуд.
Барои мо ба дунё омадӣ гар,
Муборак бошадат рӯзи таваллуд!!!

Бо эҳтироми самимӣ: Алӣ (номҳоро иваз кунед).


зодруз муборак модарчон зодруз муборак табрикот зодруз муборак скачать зодруз бародарам


Баҳори умратон бишкуфта хоҳам,
Ҳаёти пурнишоту суфта хоҳам.
Дар ин шоҳроҳи тайгардидаи умр,
Раҳи испеду кас нокӯфта хоҳам!

Озармеҳр

Ҷуз ин сухан нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта,
Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ,
Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ.
Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошӣ,
Чу Сино дар дилу дар дида бошӣ.

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!


Ассалому алайкум дӯстони гиромӣ!
Алӣ Мусоевро бо рӯзи мавлудашон аз самими дил муборак намуда, барояшон аз даргоҳи Эзиди пок сиҳату саломатӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Бигзор ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед. Тамоми орзуву ниятҳои некатон ҷомаи амал пӯшад. Дар фаъолияти эҷодкорӣ комёбиҳои нав ба нав ва забти қуллаҳои баландтаринро орзумандам. Бори дигар зодрӯз хӯҷаста бод!

(номро иваз кунед)


зодруз муборак азизам зодруз муборак падарчон табрикоти зодруз зодруз муборак бародар табрикот барои зодруз зодруз шеър зодруз муборак табрикнома барои


зодруз муборак муаллима

ЗОДРӮЗ МУБОРАК МУАЛЛИМА НОМ.

Имрӯз муаллимаи азизи мо Лутфия Раҷабова зодрӯз дорад.
Муаллимаи азиз, Шуморо ба ин санаи мубораки умратон таҳният гуфта, хоҳони бахту саодат ва хушрӯзиву саломатиятон ҳастем. Бигзор, хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад.
Муборак бошад мо бо Шумо мефахрем.

Нигаҳбонат Худо бошад,
Паноҳат Мустафо бошад.
Ҳабибат ҷилди Қуръону,
Ҳаётат босафо бошад.

Зодрӯз муборак!

(номро иваз кунед)


Салому дуруди бепоён устодам «Муҳаммад». Шуморо бо рӯзи мавлудатон аз самими қалб табрик намуда, ба Шумо тамоми хӯшиҳои оламро таманно дорам.

Бигзор дар қалбу забони Шумо номи Худованди бузург ҳамеша акси садо диҳад. Дар гуфтору кирдоратон Куръон ҳамеша раҳнамо гардад. Бигзор нури Имон рӯҳу ҷонатонро равшанӣ бахшад, имонатон бузургтар гардад. Ҳамеша дар нигаҳбонии Худованди меҳрубон бошед.

Аз даргоҳи Худованд ба Шумо: тансиҳатӣ, хонаободӣ, осмони соф, хӯшбахтӣ ва умри дарозро хоҳонам. Мавлудат муборак бошад Муаллим!!!


ЗОДРӮЗ МУБОРАК, МУҲТАРАМ НОМУ НАСАБ!
Аҳли устодону кормандони (мактаби № __ ё факултаи ______и донишгоҳи ________) ба устод саломатӣ, неруи тоза, умри бобаракат ва дастовардҳои нав таманно мекунанд. Ғамхориҳои пайвастаи Шумо ба аҳли устодон, кормандон ва толибилмони муассисса сазовори таҳсинанд. Ҳамеша комёб бошед, муҳтарам НОМУ НАСАБ!
Мо бо Шумо мефахрем устоди гиромиқадр.

(номҳоро ҷобаҷо гузоред)


ЗОДРУЗ МУБОРАК МОДАРЧОН

ЗОДРӮЗ МУБОРАК ОЧАҶОН
Очаҷони ширин, дӯсти беҳтарин, меҳрубон, азиз ва дӯстдоштанӣ, солгарди умрат муборак
Зиёд дӯстат медорам, раҳнамои зиндагим, очаҷони ширинсуханам…
Ҳар қадар васфатон кунам, боз ҳам кам аст…
Танҳо Худо медонадон, чӣ азобҳое барои бузург кардани мо кашидаӣ, очаҷон. Агар сад сол дар хидматат бошам ҳам як шаба бехобӣ кашиданатро ҷуброн карда наметавонам ….

Ба ҳар чизе,ки дар зиндагӣ ноил шудам, бо заҳмату меҳнати Шумо ба даст омада буд.
Ҳар хушбахтие дар ҳаёти кучакам рух медиҳад, аз дуои неки Шумо буд ва ҳаст, очаи ҷон….

Аз даргоҳи Илоҳӣ талаб мекунам, то умри ҳазрати Хизрро насибатон гардонад, асло танатон ба нози табибон ниёзманд нагардаду болои сари фарзандонат соябон бошед.


Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳост,
Номаш нишотбахши каломи фариштаҳост.

Бо нури осмониву бо ҷисми хоксор,
Болотар аз шукӯҳу мақоми фариштаҳост.

Модар ба илтифоти Худованди бениёз,
Дар маҳзари дуруду саломи фариштаҳост.

Шоду ғамаш ба дидаи бедору меҳрубон,
Ҳамрози субҳу ҳамдами шоми фариштаҳост.

Модар дар офариниши дунёи тифли ноз,
Пайваста бо марому низоми фариштаҳост.

Эй Озарахш, шавкати ҳастии ҷовидон
Пайғоми модар асту ба номи фариштаҳост.

Зодрӯз муборак, модарҷонам!


ЗОДРӮЗ МУБОРАК МОДАРҶОН!

Дар ҳаёти инсоният бузургтарин шахсияти ғамхору дуогуи ҳамешагӣ барои ҳар фард ин МОДАР аст! Паёмбар (с.а.с) ҷаннатро зери қудуми модар гуфтаанд.

Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштаанд: “Падару модарро дар зиндагиашон иззату эҳтиром кунед, ки баъди мурдан ҳазор маъракаю шутур куштан бефоида аст! Танҳо ояти Қуръон меравад, дигар беҳуда аст!” Воқеан ҳақиқати ҳаётро таакид кардаанд. Ё ин ки дар ҷои дигар Пешвои миллат чунин қайд кардаанд: “Ҳеҷ як падару модар бадбахтии фарзандро намехоҳад!”

Шоири халқии кишвар Озар Салим дар назмашон нисбати модар чунин ифшо намудаанд:

“Модар фаришта буд, лек болу пар надошт”, бале модар фариштаи бе болу пари ҳаёт аст!

Ё адиби ҷавони Хатлонӣ Рӯъё Усмонӣ аллаи модарро нисбати фарзанд дар назмашон чунин дарҷ кардаанд:

Оҳ МОДАР ту давои ҷисму ҷон,
Аллаат Қуръон тиловат мекунад.

Воқеан ҳам МОДАР шахсияти нотакрор ва беҳтарин ҳадяи Худо баҳри фарзанд аст, ки фарзандон дар оғӯши пурмеҳраш дар амн ба воя мерасанд.

Адибаи ҷавон Нодираи Собирзод дар шеърашон модарро аз фаришта поктар тасвир кардаанд:

Аз ҷаннати оғӯши латифат,
Асло накунам қасди раҳоӣ,
Афришта нахонамат, ки МОДАР,
Чу поктар аз фаришта ойӣ.

Дар ҳақиқат бисёр олӣ эҷод намудаанд ва воқеан ҳам модар арзандааст!
Бинед чӣ зебо истилоҳ аст:
“[М]еҳр-[О]доб-[Д]иёнат-[А]қл-[Р]аҳм=МОДАР”

Дар пешравиҳо дӯстону ҳамкорон зиёд мешаванд, ки мутаасифона ба онҳо вақт ҷудо мекунанду ба модар намекунанд, агар дар пастӣ афтанд ба ҷуз каме аз дӯстони асил, ҳамаи онҳо бегона мешаванд ва танҳо модар дуогуи роҳи дурахшони фарзандаш мемонад!

Модарҷони азизам солгарди милоди умр муборак бошад! Аз даргоҳи Офаридгор талаб мекунам, ки ҳамеша тансиҳату хушбахт ва сарбалану соябони сари мо фарзандон бошед! Бо камоли эҳтиром фарзандатон Шамсиддин!

(номро иваз кунед)


Табрикнома зодруз барои хамкор

Зодруз муборак!

Қабл аз ҳама ба Шумо умри дарозу ризқи фароз аз даргоҳи илоҳӣ таманно дорам. Умедворам, ки хамеша хушбахту хушрӯз ва комёб мемонед. Чун медонам, ки барои ҳар як коре, ки иқдом мекунед самимона аз паяш мешавед ва муваффақ ҳам мешавад.

Бо ибрози таманниёти нек ба шумо, дуст, бародар ва ҳамкори самимӣ тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам. Муваффақияту сарабаландӣ ҳамеша ҳамроҳат бошад. Бори дигар зодруз муборак!


ЗОДРӮЗ МУБОРАК САЪДӢ САФОЕВ.
САЪДӢ САФОЕВ дӯсти мо, бародари мо ва ҳамкори мо, имрӯз зодрӯз доранд аз номи худ ва тамоми ҳамкорон, Шуморо бо ҷашни фархундаи мавлудатон сидқан шодбош гуфта, таманнои онро дорем, ки дар корҳои минбаъда ва дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ бошед. Аз Худованд талаб менамоем, ки бароят умри дарозу бахти накӯро арзонӣ дорад.
Сарбаланд бошед дӯсти азиз!

(номро иваз кунед)


Табрикот барои зодруз ба дуст

Имрӯз дӯст ва бародари азизам Ному насаб ҷашни зодрӯз доранд.

Эй дӯсти азиз ҷашни зодруз муборак,
Ин рӯзи хуҷаставу дилафрӯз муборак.
Муборак зодрузат бошад эй дӯст,
Ситора бар сарат гул пошад эй дӯст.

Бародари азиз!
Бо фарорасии солрӯзи умрат самимона аз даргоҳи Яздони пок бароят таманнои онро менамоям, ки ҳамеша тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд пирӯзгарат бошанд. Дар кору фаъолияти илмиву эҷодиат пайваста комёбиҳои беназир хоҳонам.

Баҳори умрат эй дӯст бишкуфта хоҳам,
Ҳаёти пурнишоту суфта хоҳам.
Дар ин шоҳроҳи тайгардидаи умр,
Раҳи испеду кас нокӯфта хоҳам!

Ҷовидон бод дӯстиву бародарӣ!
Поянда бод бародарии мо!

(номро иваз кунед)


зодруз муборак бародар

Зодрӯз муборак, бародари азизу гиромӣ НОМУ НАСАБ!

Ба самимияту заминӣ буданат хелоҳо рашку ҳасад мебаранд. Ва хелоҳои дигар орзу мекунанд, ки чун ту дастгиру дилёб бошанд. Вале ин аз ту ва аз фитрати туст. Худои бузург ҳич вақт ба чанги душману ба фиреби рақиб дучор нагардӣ.

Дар боби хубиҳое, ки солҳост барои атрофиён арзонӣ медорӣ, бемарз сипосу ташаккур. Таманно мекунам, дасти некиат аз ин ҳам дарозтар гардад.

Ин ки бо ҳам забони дӯстию бародарӣ ёфтаем, худаш се дунё гап аст, ки Худо салоҳ донад, рӯзе васфаш хоҳам кард.

Боз ҳам мубораку фархунда бод! Қадам ба қадам то ба қуллаҳои баланди ҳама хубиҳо бирасӣ!

(номро иваз кунед)


Зодрӯз муборак бародари азиз!

Ба шумо саломатии бардавом, бурдборӣ ва комёбӣ таманно дорам. Бигзор ҳар рӯз бароят танҳо шодӣ, рангҳои дурахшон ва табассуми зиёд оварад.

Орзу дорам, ки ҳаётат пур аз эҳсосоти мусбӣ бошаду рӯҳу ҷонат гарм ва роҳат шавад. Бигзор шуморо ҳамеша одамони меҳрубон, бовафо ва дӯстдоштанӣ иҳота кунанд. Бароят некиву саодатмандӣ таманно дорам, хонаат ҳамеша пур аз ханда ва обод бошад! Аз самими қалби пок дар тамоми роҳи умратон файзу баракати заминӣ, оромии қалб ва роҳи равшан орзумандам! Мавлудат хуҷаста бошад, НОМ!

(номро иваз кунед)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст