Саломнома сухан барои баромад

0

Саломнома барои озмун бо шеърҳо / шеърхо барои баромад, барои мактаб, барои туй бо забони точики


Саломнома

Ай офтоби тобон, бишнав саломи моро,
Зи хок то ба кайҳон, бишнав саломи моро,
Ай тутии шакарлаб, ай мурғакони хушгап,
Ай соҳибони маҳфил, бишнав саломи моро.

Салом, эй ки диламро ба нур пайвастӣ,
Салом, эй ки аз таҷаллият ҷаҳон зебост.
Салом, эй ки сукутат сукати кавкабҳо,
Салом, эй ки садоят садои боронҳост.

Ассалом, эй миллати ҳимматбаланд,
Ассалом, эй дустони арҷманд!
Бо нидои Рӯдакӣ имрӯз мо
Меҳмони ин диёри дилписанд.

Ассалом, эй мардуми бо нангу ори ин диёр,
Ассалом, эй нури Истиқлолу файзи бешумор.
Бо садоқат бар сухан баҳри Ватан бархостем,
Ассалом, эй ҳамнавою ҳамфазою ҳамдиёр.

Ассалом эй шоҳи даврон ассалом,
Ассалом эй хубрӯён ассалом.
Ассалом эй дӯстон, ҳаммиллатон,
Боз гӯем аз дилу ҷон ассалом.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст