Таҷнис чист? Тачнис дар адабиёт

0

# Савол

Таҷнис чист? Тачнис дар адабиёт

# Ҷавоб

Таҷнис калимаи арабист, маънои луғавияш ҳамҷинс кардан мебошад. Дар илми бадеи классикӣ яке аз санъатҳои маънавӣ ва лафзиро гӯянд. Шарти асосии ин санъат он аст, ки шоир ё нависанда дар осори худ калимаҳоеро ба кор мебарад, ки аз ҷиҳати шаклу талаффуз монанд ё яксонанд, аммо аз ҷиҳати маъно гуногун.

Мисол:

Тори зулфатро ҷудо машшота[1] гар аз шона кард,
Дасти он машшота мебояд ҷудо аз шона кард.
Хусрав

Чӣ тавре ки мебинед, дар байти боло калимаи «шона» ба ду маъно омадааст. Дар мисраъи аввал «шона» ба маънои асбоби зинати мӯй, аммо дар мисраи дуюм ба маънои китф истифода шудааст. Дар илми забоншиносӣ таҷнисро омоним мегӯянд.

[1] Машшота – зани махсуси мӯбоф ва ородиҳандаи духтарону наварӯсон.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)