Шеър дар васфи Ваҳдат – вахдати милли

0

Шеър барои рузи Вахдат, 27 июн рузи вахдати милли. Рӯзи Ваҳдати миллӣ поянда бод.


Вахдати милли
Ваҳдати миллӣ

Поянда бод Ваҳдати миллӣ

Чист миллат? – Ваҳдати дунёи мост,
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.

Аз саводаш дидаи мо равшан аст,
Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.

Решаи ҷонҳост дар ҳам бофта,
Риштаи ҷонҳост дар ҳам тофта.

Аз пари Симурғи тавҳидаш қалам,
Мераҳонад ҳасти моро аз адам.

Ваҳдати миллат бақои миллат аст,
Устувор аз муддаои миллат аст.

Ҳарфҳо аз муддао гардад китоб,
Зарраҳо аз тоби мақсад офтоб.

Чашми Сино бар сари гаҳворааш,
Тарҳи сад олам ба ҳар ангорааш.

Дар вуҷуди миллати яктопараст
Ваҳдату мақсуд чун ду шаҳпар аст.

Бо ду шаҳпар дарнавардад ин ҷаҳон,
Зери болаш як бувад ҳафт осмон.

Сӯйи дому донаи кас нангарад,
Ҳимматаш то авҷи гардун мебарад.

Он ки ҳаст Албурзу Алвандаш нишем,
Аз сияҳчоли замонаш нест бим.

Бартариҳояш ҳам аз худогаҳист,
Огаҳӣ – шерозаи девони Зист.

Дастҳо пайванди ин ҳаблулматин,
Асли ҳикмат, асли ойин, асли дин.

Не гусастан, не шикастанро раҳе,
Пайкари пӯлоду ҷони огаҳе.

Фитнаи айём монанди ҳубоб
Мешавад аз мавҷи дарёяш хароб.

Нури Ҳақ ойинаи идроки ӯ,
Хонаи хуршедҳо афлоки ӯ.

Ҳикматаш деринаву бахташ ҷавон,
Дар замираш растхези ҷовидон…

Тоҷикистон, эй раҳини иттиҳод,
Эй шуда даъват ба дини иттиҳод.

Ҳурмати ашки ятимон,  иттиҳод,
Ҳурмати аҷзои Қуръон, иттиҳод.

Ашки тифлонат ширеши маҳкам аст,
Захмҳои душманиро марҳам аст.

Ҳурмати хуни шаҳидон, иттиҳод,
Бар сипоси оли Сомон,  иттиҳод.

Кӯр бодо чашми шайтон, иттиҳод,
Эй муваҳҳид, баҳри Яздон, иттиҳод.

Рустами Ваҳҳоб


Шеър дар боораи рӯзи Ваҳдат >>

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст