# Савол
Саҷъ чист? Саҷъ дар адабиёт / санъати бадеӣ
Сачъ чист? Сачъ дар адабиёт / санъати бадеи
# Ҷавоб
Саҷъро муҳаққиқон як намуди санъати бадеӣ донистаанд. Саҷъ калимаи арабӣ буда, маънои наво, савт ё овози хуши мурғони хушхон – мисли булбул, қумрӣ, тӯтиро дорад. Ва аслан ҳам садои мурғони ёдшуда дилангез буда, ба ҳам монанд нестанд.
Саҷъ ҳамчун як намуди санъати бадеӣ ё ҳамчун истилоҳи адабиётшиносӣ калимаҳоеро медонанд, ки онҳо дар наср дар фосилаҳои муайян бо ҳам ҳамрадиф, ҳамқофия ва ҳамвазн гардида бошанд.
Яъне, дар як ҷумла чанд калимаю ибора пас аз фосилае омада, пораҳоро як низом мебахшанду оҳангнокӣ ва савтиёти онҳоро таъмин мекунад. На танҳо пораҳои як ҷумла, балки ин ҳамоҳангию ҳамқофиягӣ дар байни ҷумлаҳои як матн низ шуда метавонанд.
Масалан, аз «Гулистон»-и Саъдӣ: «Ҷамоате оҳанги гурез карданд. Писар наърае бизаду гуфт: – Эй мардон, бикӯшед, то ҷомаи занон напӯшед!» Боз: – Хомӯш, ки дар пастӣ мурдан беҳ, ки ҳоҷат пеши касе бурдан. Дар ҷумлаи аввал «Мардон бикӯшед» бо «занон напӯшед» саҷъ шуда омадаанд. Дар ҷумлаи дувум бошад, калимаҳои мурдан ва бурдан, ки ҳамқофия шудаанд, намунаи мукаммали санъати насри мусаҷҷаъанд.