# Савол
Оиди чигуна анҷом додани таяммум маълумот медодед. Тарзи таяммум кардан чи хел аст?
# Ҷавоб
Тариқи ба ҷо овардани таяммум чунин аст:
Аввал нияти таяммум карда, сипас бо гуфтани «Бисмиллоҳ» дастҳои худро як бор ба хок ва ё ба чизе, ки аз ҷинси хок бошад, зада, бо он рўи худро масҳ мекунад.
Бори дувум низ дастҳои худро бар хок зада, аввал дасти рост ва баъдан дасти чапро масҳ мекунад. Ҳангоми таяммум кардан берун кардани соат, дастпона ва ангуштарин зарур буда, масҳ кардани ҷойи онҳо ва инчунин хилол кардани мобайни ангуштон лозим аст.
Шахсе, ки барои ғусл ва ё вузӯ об пайдо карда натавонад ва ё ин ки ба сабаби истифодаи об бемории ӯ зиёд шавад ва ё монеаҳои ҷиддӣ ба монанди душман, ҳайвонҳои дарранда ва ғайра садди роҳ шаванд, метавонад ба чизҳое, ки аз ҷинси хок бошад, ният карда, таяммум намояд.
Шӯрои уламо (1962)