Камоли Хуҷандӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Намунаи ашъор

0

# Савол

Камоли Хуҷандӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи ашъори Камоли Хуҷандӣ.

Камоли Хучанди кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи ашъори Камоли Хучанди.

# Ҷавоб

Камоли Хучанди соли 1318 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоии ӯ дар зодгоҳаш гузаштааст. Баъд таҳсилро дар мадрасаҳои Самарқанд, Тошканд ва Хоразм давом дода, қариб ҳамаи илмҳои замонашро аз худ намудааст.

Камол соли 1401 дар Табрез вафот кард. Ӯро дар боғи худаш, ки Биҳишт ном дошт, ба хок супурданд. Мақбараи ӯ то имрӯз боқист ва зиёратгоҳи аҳли хирад аст.

# Намунаи ашъор

Дил муқими кӯйи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб?!
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо?
Меҳнати ғурбат надонад хеч кас, илло ғариб.
Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист
Ҳоли зори мустаманде монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре ки мебинӣ, кӣ афтад бо ғариб?
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб.

Манбаъ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)