Суннати намози бомдодро пас аз фарз хондан дуруст аст?

0

# Савол

Суннати намози бомдодро пас аз фарз хондан дуруст аст?

# Ҷавоб

Бародари азиз, агар намози бомдод бо фарзаш қазо шавад, то вақти пешин ҳар ду қазо гузорида мешавад, вале агар фарзро бо ҷамоат адо кард, ба қавли Имом Абӯҳанифа (р) ва Имом Абӯюсуф (р) суннат соқит мешавад, аммо Имом Муҳаммад (р) мегӯяд, ки ман дӯст дорам пас аз тулуъи офтоб қазои он ба ҷо оварда шавад.

Шӯрои уламо (1717)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)