Истиклолият рамзи ватану ватандори

0

Истиқлолият рамзи ватану ватандорӣ. Иншо / эссе дар бораи истиклолият / истиклол.

истиклолият расм картинка истиқлол тоҷикистон 9 сентябр

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки баъди чанде мо 31-солагии онро таҷлил менамоем. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин маъниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле нишонрас, возеҳ ва равшан ифода кардаанд: “Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоиштаи шахсӣ ва соҳибдавлату соҳибватан аст”.

Соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомад. Гумроҳию нодонии мардум ва ҳирсу ҷаҳолатпарастии баъзе хоҷагони беруна ба сари мо ҷанги хонмонсӯзро бор кард. Тоҷик бо ҷангу хунрезӣ, шикасту парешонӣ ва дарду аламҳои бешумор рӯ ба рӯ гашт. Ба таъбири устод Айнӣ “мо, тоҷикон… шамшери зангзадаи ҷаҳлу ҷаҳолати аз бобоён меросмондаро боз аз нодонӣ ба сари якдигар бардоштем” ва ёд овардан талх ҳам бошад, харобкориву хунрезӣ кардем. Да ниҳоят ақли солим боло гирифту тоҷик Пешвои ҳақиқии худро дарёфт кард ва бо роҳбарии ӯ ба қуллаи мурод расид.

Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.

http://savoltj.com/

Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби охирҳои асри гузашта моро водор мекунад, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон, рӯ ба тараққӣ ниҳодани иқтисодиёт, саноатикунонии кишвар ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд”. Дар ин раванд моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ин ҳаракатҳои номатлубро пешгирӣ кунем ва дар ҳифзи истиқлолияти хеш саҳми гузорем.

Самараи неки истиқлолият аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо бояд аз соҳибитиқлолии худ биболему барои ҳифзи он кӯшишу ғайрат намоем.

Бигзор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад.

Шеър дар васфи Истиқлол <<

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст