Шеър дар бораи Зимистон

0

Зимистон шеърхо, шеър дар васфи фасли Зимистон. Зимистон шуд, барф соли нав шеър.

Снег в Таджикистане, зимистон барф

Дар зимистон бо хаёли навбаҳорон зиндаам,
Сабзаи саҳрояму бо оби борон зиндаам.
Қатраҳо бо ҳам биёмезанд, дарё мешаванд,
Ман дар ин дунё ба меҳри дӯстдорон зиндаам.

Зиндагӣ, гӯянд беғам нест, бовар мекунам,
Ҳар киро ғам нест, одам нест, бовар мекунам.
Чашмро бо чашма гоҳе одамон нисбат диҳанд,
Чашму чашма ҳеҷ бенам нест, бовар мекунам,
Лек рӯзи сахтии умрам ба армон зиндаам.

Мисли чашма сангҳои кӯҳсорам зодаанд,
Бар хилофи сахра бесабру қарорам зодаанд.
То зи танҳоӣ нахушкам норасида бар мурод,
Ҳамнишини руду кӯҳу чашмасорам зодаанд,
Ҳар куҷо бошам, ба ёди кӯҳсорон зиндаам…

Алимуҳаммад Муродӣ


Шеър дар васфи Соли Нав (Соли нав муборак! шеърхо)

Шеър дар васфи Зимистон

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст