# Савол
Фаррухии Сиистонӣ кай ва дар куҷо ба дунё омадааст? Фаррухии Сиистони кай ва дар кучо ба дунё омадааст?
# Ҷавоб
Абулҳасан Алӣ ибни Ҷулуғи Сиистонӣ шоири машҳур, қасидасарои номии форсу тоҷик байни солҳои 977–981 дар Сиистон – вилояти таърихие дар ҳудуди Эрон ва Афғонистон, ки Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳрро бо Ҳиндустон мепайваст, таваллуд шуда, соли 1038 дар шаҳри Ғазнин (ҳудуди Афғонистони ҳозира) вафот кардааст.
