Шеър дар бораи НАВРУЗ

0

Навруз муборак! Шеърхо дар бораи навруз 2024, сухан ва шеъру табрикот дар васфи Навруз дар ин саҳифа оварда мешавад. Наврӯз шеър >>

Навруз муборак!
Навруз муборак!

Ба номи Худованди ҷону хирад!

Худоё чунон кун, ки ҳар рӯзи мо,
Ҳама сабз бошад чу Наврӯзи мо.
Дилу дида бошад зи меҳри Ту шод,
Ҷаҳон нав шавад, сол фархунда бод!

Наврӯзу Навсолатон хуҷаставу ҳумоюн бод, дӯстони арҷманд!
Орзумандам имсолу ҳама солҳо тандурусту хушбахту шодкому хонаободон бошед.


Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз,
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бодат ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз!

Чу оташ дар дарахт афканд гулнор,
Дигар манқал манеҳ, оташ маяфрӯз.
Баҳоре хуррам аст, эй гул, куҷойӣ?
Ки бинӣ булбулонро нолаву сӯз.

Ҷаҳон бе мо басе будасту бошад,
Бародар, ҷуз накуномӣ маяндӯз.
Накуӣ кун, ки давлат бинӣ аз бахт,
Мабар фармони бадгӯйи бадомӯз.

Саъдии Шерозӣ


НАВРӮЗ МУБОРАК БОД!

Эй ёри баҳоройин, Наврӯз муборак бод!
Парвардаи Фарвардин, Наврӯз муборак бод!

Эй дасти баҳоролуд, эй чашми хуморолуд,
Эй кокули атрогин, Наврӯз муборак бод!

Эй ғаркаи хоҳишҳо, сармасти навозишхо,
Эй ошиқи фаррухдин, Наврӯз муборак бод!

Эй синаи бекина, эй қалби чу ойина,
Эй хонаи меҳрозин, Наврӯз муборак бод!

Эй рози тари борон, бар гӯши дили ёрон,
Табрик бигу ширин: Наврӯз муборак бод!

Эй ҳафт нишон аз «шин», дар суфраи ҷон биншин,
Эй ҳафт салом аз «син», Наврӯз муборак бод!

Ҷаъфар Муҳаммад


ХОНИ НАВРӮЗӢ

Дар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон,
Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамроҳ,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.

Дар рӯйи хони Наврӯз бояд ки боз бошад,
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошад аз нон тамоми мардум.

Дар рӯйи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё,
Ё ҳафт син бибояд ё ҳафт навдаи он.
То боғи ҳафт иқлим рӯйи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.

Лоиқ Шералӣ


Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!
Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!

Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзор,
Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод!

Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфтӣ,
Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод!

Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?
Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод!

Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод!

Лоиқ Шералӣ


Ҷашни фархундаи фарвардин аст,
Рӯзи бозори гулу насрин аст.
Боғ пероста гулзори биҳишт,
Гулбун ороста ҳуррулъин аст.
Гирди бӯстон зи фурӯғи лола,
Гӯӣ оташкадаи Барзин аст.
Об чунин ёфта дар ҳавз аз бод,
Ҳамчу пуркор ҳарири Чин аст.

Абулфараҷи Рунӣ


Боди наврӯзӣ ҳаме дар бӯстон бутгар шавад,
То зи сунъаш ҳар дарахте лӯъбате дигар шавад.
Боғ ҳамчун кулбаи баззор пурдебо шавад,
Роғ ҳамчун тублаи аттор пуранбар шавад.
Рӯйбанди ҳар замине ҳуллаи чинӣ шавад,
Гӯшвори ҳар дарахте риштаи гавҳар шавад.
Чун ҳиҷоби лӯъбатон хуршедро бинӣ ба ноз,
Гаҳ бурун ояд зи меғу гаҳ ба меғ андар шавад.

Унсурӣ


Омада Наврӯз дар ин бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод.
Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,
Мурд зимистону баҳорон бизод.

Бар лашкари зимистон Наврӯзи номдор,
Кардаст раъйи тохтану қасди корзор.
В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада – талояи Наврӯзи навбаҳор.
Ин боғу роғ мулкати Наврӯзмоҳ бувад,
Ин кӯҳу қуҳпоя ва ин ҷӯю ҷӯйбор.
Ҷӯяш пур аз санавбару кӯҳаш пур аз суман,
Роғаш пур аз бунафшаву боғаш пур аз баҳор.

Абри озармоҳ баромад аз канори кӯҳсор,
Боди фарвардин биҷунбид аз миёни марғзор.
Ин яке гул бурд сӯйи кӯҳсор аз марғзор,
В-он гулоб овард сӯйи марғзор аз кӯхсор.
Абри дебодӯз дебо дӯзад андар бӯстон,
Боди анбарсӯз анбар сӯзад андар лолазор.
Нофаи мушк аст, ҳар ч-он бингарӣ дар бӯстон,
Донаи дур(р) аст, ҳар ч-он бингарӣ дар ҷӯйбор.
Ин яке — дурре, ки дорад бӯйи мушки тубатӣ,
В-он дигар – мушке, ки дорад ранги дурри шоҳвор.
Чанги бозон аст гӯӣ шохаки шоҳиспарам,
Пойи бутон аст гӯӣ барг бар шохи чанор.

Манучеҳрии Домғонӣ


навруз муборак 21 март картинка
Иди Наврӯз муборак!

Наварӯси субҳи фирӯз омадаст,
Сабза бо домони гулдӯз омадаст.

Куртаи атлас ба тан Модар Замин,
Интизори шамси дилсӯз омадаст.

Бо дили пурхаҷр бесабру шитоб,
Булбули хушхон ҷигарсӯз омадаст.

Фарши зебо маҳфилорои дил аст,
Гулбари ромишгар имрӯз омадаст.

Бо сари таъзим ба сад нозу ниёз,
Лӯъбатосо пайки Наврӯз омадаст.

Омадӣ, хуш омадӣ, айёми ишқ,
Ишқро фархунда ин рӯз омадаст!

ОЗАРМЕҲР


Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

Дуруду пайғом ба аҳли сомона! Иди сари сол, яъне Наврӯз муборак бод! Бигзор, Наврӯзи имсола ба ҳар як хонавода бо файзу баракот ворид гардида, шодиву хурсандӣ орад.


Бархез, ки меравад зимистон,
Бикшой дари сарои бӯстон.
Норинҷу бунафша бар табақ,
Манқал бигузор дар шабистон.
Бархез, ки боди субҳи Наврӯз,
Дар боғча мекунад гулафшон.
Хомӯшии булбулони муштоқ,
Дар мавсими гул надорад имкон.

Саъдии Шерозӣ


Субҳам аз машриқ баромад боди Наврӯз аз ямин,
Ақлу табъам хира гашт аз сунъи Раббу-л-оламин.

Бо ҷавонон роҳи саҳро баргирифтам бомдод,
Кӯдаке гуфто: «Ту пирӣ, бо хирадмандон нишин!».

Гуфтам: «Эй ғофил! Набинӣ, кӯҳ бо чандин виқор,
Ҳамчу тифлон доманаш пурарғувону ёсумин!».

Остини даст пӯшид аз баҳори барг шох,
Мева пинҳон карда аз хуршеду маҳ дар остин.

Бод гулҳоро парешон мекунад ҳар субҳдам,
З-он парешонӣ магар дар рӯйи об афтода чин.

Навбаҳор аз ғунча берун шуд ба як навпираҳан,
Бед пушт андохт то дигар зимистон пӯстин.

Ин насими хоки Шероз аст бо мушки хутан,
Ё нигори ман парешон карда зулфи анбарин.

Саъдии Шерозӣ


Наврӯз биё, ҳар нафасат, бӯйи баҳор аст,
Рухсори ту ойинаи гулрӯйи баҳор аст.
Ҳар лаҳза хумори ту гирад ҷумла ҷаҳонро,
Он қалби ту ошуфтаи дилҷӯи баҳор аст.

Зангӯлаи бедории дунёи нави ту,
Эҳёи ҳама сабзаю гандуму ҷави ту.
Хуш омадӣ, эй мӯъҷизаорои табиат.
Хуш омадӣ, Наврӯзи Аҷам, соли нави ту.

Наврӯз биё, файзи ту, файзи ҳамагон бод,
Густурда пур аз неъмату нозе ҳама хон бод.
Ин муждаи ту пайки ҳама бахту нишот аст,
Ҳар рӯзи ту, наврӯзи ҳама пиру ҷавон бод!

ОЗАРМЕҲР


Наврӯз расид, ёри дирӯзии ман,
Як бор биё барои дилсӯзии ман.
Ғамҳои ту куҳнаанд, аммо имрӯз
Хуштар зи ғами ту нест наврӯзии ман.

ЛОИҚ


ИДИ НАВРӮЗ

Иди Наврӯз аввали сол аст,
Рӯзи айшу нишоти атфол аст.

Ҳама он рӯз рахти нав пӯшанд,
Чою шарбат ба хушдилӣ нӯшанд.

Писари хуб рӯзи ид андар
Равад аввал ба хидмати модар.

Даст дар гарданаш кунад чун тавқ,
Сару дасташ бибӯсид аз сари шавқ.

Гӯянд: «Ин иди нав муборак бод,
Сад чунин Соли Нав бубинӣ шод!».

Баъд ояд ба дастбӯси падар,
Бӯса бахшад падар аз рӯи писар.

Писари бад чу рӯзи ид шавад,
Мавқеи диду боздид шавад

На падар дуст дорадаш на аму,
На касе идӣ оварад бари ӯ.

Идӣ он рӯз ҳаққи он писар аст,
Ки наҷибу шарифу боҳунар аст.


Дар рӯйи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё,
Ё ҳафтсин бибояд, ё ҳафт навдаи он.
То боғи ҳафт иқлим рӯйи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.

Мехоҳам аз таҳти дил ҳамаи шумоёнро бо иди миллӣ ва ҳамзамон байналхалқӣ, яъне иди Наврӯз табрик гӯям!Бигузор Парвардигор ба хонадони ҳар яки мову Шумо имони комил, сулҳу субот ва табиати зеботаринро ато намояд. Бa ватанамон тинҷӣ ва иқтисодиёту дигар ҷабҳаҳои давлатӣ комёбиҳои назарраси мусбиро аз Худованд хоҳонам.


Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,
Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад.
Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,
Чашми фархундаю фирӯз муборак бошад!

Куртаи сабз ба бар карда зи нав кӯҳу камар,
Чун арӯсон шуда ҳар шохаи гул тозаву тар.
Марди деҳқон ба замин донаи армон пошад,
Сар кашад донаи афтода ба уммеди самар.

Боз аз хоб табиат шуда бедор имрӯз,
Соғари лолаи хандон шуда саршор имрӯз.
Дар кафи барг чу дурдона дурахшад борон,
Таҳ ба таҳ дар дили мо мисраи ашъор имрӯз.

Дӯстон, фасли дилафрӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад.
Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!


Дилбозии дилбарона дорад Наврӯз,
Нозу нафаси занона дорад Наврӯз.

Монанди арӯсакони гулпероҳан,
Сад ишваю сад баҳона дорад Наврӯз,

Аз навдаи гул чу майдабофӣ карда,
Кокул ба миёни шона дорад Наврӯз.

Фахрам, ки ду-се донаи шеъре дорам,
Доман пури шеърдона дорад Наврӯз.

Аз ҳикмати шоирони хушлаҳни Ватан,
Гулчини гули тарона дорад Наврӯз.

Чун ӯст нигорандаи абёти Аҷам,
Сармасти шоирона дорад Наврӯз.

Зардуштсулола асту Ҷамшеднажод,
Аз Ҷоми Ҷамам нишона дорад Наврӯз.

Чун Шаҳрияи дугонааш меҳрафрӯз,
Аз шеъру ғазал ягона дорад Наврӯз.

Шаҳрия


Шеър сухан ва табрикот дар бораи Навруз ва Бахор буд аз сомонаи www.SavolTJ.com. Агар ба шумо шеъру сухан ва маълумоти бештар лозим аст, пас ба ин саҳифаҳо сар бизанед:

 Инчунин хонед:

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст