Парчами Чумхурии Точикистон (иншо дар бораи парчам)

0

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Парчами Чумхурии Точикистон. Иншо дар бораи парчам.

парчами Тоҷикистон

Парчам – рамзи давлатдорӣ ва сармояи ифтихори миллӣ

Парчами давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми сарнавиштсози Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул гардида, ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ моро ба сӯйи созандагию бунёдкорӣ ва саодату хушбахтӣ раҳнамун месозад.

Аз ин ҷиҳат, Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, ҳамчун Рӯзи Истиқлолият, Иди Забон, Рӯзи қабули Конститутсия ва Рӯзи Президент аз ҷумлаи иду ҷашнвораҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, гувоҳи барҷастаи эҳтирому арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.

Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини мардуми тоҷик мебошад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, парчамбардори созандагию бунёдкорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад.

Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад.

Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем”.

Парафшонии парчами миллӣ ба ҳисси худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҳар кадоми мову шумо вобаста аст. Агар мо ҷасорат дорем, зиракии сиёсӣ, мавқеъгирии усулӯ ва бедории миллӣ дорем, агар мо аз оромиву осудагии падару модар ва хонадонамон меандешем, пас, мо омодаем, ки дар ҳифзи ин марзу буми аҷдодӣ ва ҷилваи барчами давлатӣ ҷонамонро фидо кунем. Ҳамин аст моҳияти ниҳоиии худшиносии миллӣ ва дӯсти доштан Ватан – Модар! Дар урфияти мегӯянд, «шерре, ки дӯст медорад, аллакай вай дарранда нест». Ҳамаи мо шермардони ин диёрем, бояд нисбат ба ҳар фарди миллати тоҷик меҳрубону дар ифоқа бошем, то ваҳдату сулҳ дар Тоҷикистони азиз поянда бошад ва ба ин васила саодати рӯзгор моро ёру мададгор.

Барои амиқан дарк кардани эҳсоси амиқи ифтихор аз парчами миллӣ варзишгар будан даркор аст ва чемпиони ҷаҳон шудан даркор аст. Аз он нуктаи назар, ки бо ҳар варзишгаре дар суҳбатҳои телевизионӣ дар ин хусус ҳарф мезанем, ҳамагӣ як хел посух доранд. «Ин эҳсосотро гуфта намешавад, танҳо онро дарк кардан мумкин аст». Шояд худи ҳамон варзишгар дар бораи хислатҳои эмотсианалии инсон он қадар маълумоти кофӣ надошта бошам, вале ин сухан чун рефлекси шартӣ ба забон меояд.

Парчам рамзи пирӯзӣ ва истиқлол аст. Борҳо дар филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ мушоҳида кардаем, ки дар сурати шикаст додани ҷониби муқобил  ҳамчун рамзи пирӯзиву зафар ҷониби ғолиб парчами худро дар пештоқ ё болои боми бинои муайяне парафшон мекунад. «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон, Тоҷикистон»!, гуфтани шоир ҳам ҳамин ғояро тарғиб мекунад. Яъне, истиқлолу озодият абадӣ бод, Тоҷикистон.

Аз ин дидгоҳ, парчам, асосан, рамзи қудрати давлат аст. Ҳифз ва парафшонии он, чун нишон аз давлати соҳибистиқлол ва ободу осуда бешак ба низомиёни кишвар марбут мебошад. Аз ҷумла, ба он ҷавонмардоне, ки имрӯзҳо сарҳади Тоҷикистони азизи моро шабу рӯз нигаҳбонӣ мекунанд. Дар ҳимояи ин марзи муқаддас ҷони худро бедареғ мебахшанд. Ҳамин мазмунро шоир ба таври зайл талқин кардааст:

То бихобат миллате осуда дар болини ноз,
Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.

Агар ба саволи он ки чаро мо парчамро дар баландтарин поя барафрохтем, посух ҷӯстан хоҳем, ба хубиву ба зудӣ дархоҳем ёфт, ки ин як идеяи комил аст. Шахсе, ки ин идеяро таълиф кардааст, аз гузаштаи пурғановати ниёгон, аз таърихи давлатдориву парчамдории миллати тоҷик огоҳии бутун дорад ва бо як ҷаҳон ифтихору умеду ниятҳои нек ин иқдом дар амал тадбиқ шудааст. Ҳамаи мо хуб огоҳем, ки ин ташаббусро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор оварданд. Бемуҳобо, метавон аз рӯи он як филми хуби бадеӣ бардошт. Идея аз куҷо пайдо шуд, муаллифи идея кӣ аст, тарҳи он чи гуна рехта шуд, сохтмон чи гуна сурат гирифт, чӣ заҳматҳо рафт, чӣ қадар одам кор кард, чанд маблағ сарф гардид…ҳами ин саволҳо метавонанад асоси таҳияи филм бошанд. Ҳамаи ин аз муқаддас будани парчам ва мавқеи устувори он дар низоми давлатдории мустақил шаҳодат медиҳад.

Зимни суханронияшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бастагӣ изҳор доштаанд: «Дар замони соҳибистиқлолӣ парафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе идомаи суннати қадимаи парчамдории халқамон ба ҳисоб меравад». (Аз Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ., 23.11.2018 08:00, шаҳри Душанбе)

Рӯзи Парчами миллӣ муборак

Ҳар гаҳе сухан оид ба моҳияти парчам ва нақши он дар сарҷамъиву муттаҳидии миллат меравад, пеш аз ҳама, ба забон овардани худи вожаи парчам ба мо як ҳисси бовару нангу виқору ифтихори миллӣ мебахшад, ки бешак ин таъсир аз аҳамияти парчам дар масири давлатдорӣ бармеояд.

Метавон гуфт, ки яке аз омилҳои фурӯ нишондани алови ҷанги таҳмилии бародаркӯш ин ба ҳам омадани миллати тоҷик дар атрофи парчами давлатӣ, яъне дар атрофи як меҳвари муттаҳидсозанда мебошад. Чунки то он даме, ки миллати тоҷик рамзҳои давлатдории худро дар иҷлосияи 16–уми Шӯрои Олӣ тасдиқ накард, мардуми аз ҷанги шаҳрвандӣ ҷафодидаи тоҷик, ки онро душманони миллати тоҷик ба сари мо оварданд, ба ояндаи Тоҷикистони тозаистиқлол то дараҷаи зарурӣ бовар надоштанд.

Қабули рамзҳои давлатӣ аз зинаҳои барқарорсозии давлатдории миллӣ маҳсуб мешаванд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд: «Мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем». (Аз Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ., 23.11.2018 08:00, шаҳри Душанбе)

Агар суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ падидаҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар бошанд, Парчами давлатӣ яке аз қадимтарин арзишҳои миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи анъанаи куҳани ливодории ниёгонамон ба ҳисоб меравад ва он дар рангҳои худ ормону орзуи поку беолоиши мардуми тоҷикро таҷассум менамояд.

Имрӯз мо, тоҷикон бо парчами миллии худ ифтихор дорем ва тамоми сайъу талоши хуро содиқонаву аҳлона ба кор мебарем, ки ин рамзи ошносози давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша парафшону пурҷило бошад. Парафшонии парчам дар миқёси ҷаҳонӣ аз минбарҳои бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишиву сайёҳӣ боиси шаъну шараф ва сарфарозии мардуми шарифти тоҷик мебошад.

Дар китоби маҷмӯаи «Суханҳои ибратомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» омадааст: «Мо бояд дар дили ҳар фард ҳанӯз аз синни кӯдакӣ нангу номуси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ, ҳисси бузурги эҳтиромро ба рамзҳои муқаддаси давлат – Конститутсия, Нишону Парчам, Суруди миллӣ ва дигар муқаддасоти миллати хеш тарбия намоем».

Ҳар як фарди худшиносу ватандӯст ва бонангу виқори тоҷик аз партавфишонии парчами миллӣ ифтихор мекунад. Имрӯз бо боварӣ гуфтан метавон, ки ҳар вақте ки парчами миллӣ дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зимни суханрониҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвоии миллат давлату миллати моро муаррифӣ мекунад ва ё ба ифтихори ғолибияти ин ё он варзишгар дар сатҳи байналмилалӣ суруди миллии тоҷикон садо медиҳад ва парчами Тоҷикистон боло бардошта мешавад, дилхоҳ шахсро як ҳисси хушҳоливу фараҳмандӣ фаро мегирад.

Дар ин асно мисраҳои ҳувитбахшу ифтихоромези шоири тоҷик Муҳаммад Ғоиб ғайричашмдошт замзама мешаванд.

Дар кафи пешсаф парчам аст,
Аз матои ҳадаф парчам аст.

Эътибору шараф парчам аст,
Халқи моро ба каф парчам аст.

Як нишони ватан парчам аст,
Шаъну шони ватан парчам аст.

Қудрати лашкар аз парчам аст,
Шавкати кишвар аз парчам аст.

Вобаста ба Парчами давлатӣ чор далели муҳим ва асосиро дар ёд доштан даркор аст.

  1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ гузашт, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз ёфт.
  2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатӣ будани парчамро кафолат додааст.
  3. 24 ноябри соли 2009 мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ бори нахуст ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намуданд.
  4. Соли 2011 дар остонаи ҷашни 20–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон– шаҳри Душанбе Парчами давлатӣ дар пояи баландиаш 165 метр барафрохта шуд.

«Ҳар як фарди кишвар бо эҳтироми Парчами давлати худ эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи хешро собит мекунад. Зеро дар он рӯҳи ниёгони некном, далериву матонат ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёди мо инъикос шудаанд».

«Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар

як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо аҳлона заҳмат мекашанд».

«Рангҳои сурху сафеду сабзи парчами мо рангҳои ишқу умеду шукуфоиянд, рангҳои нишоту  некиву ҳимматанд,  он рангҳои дурахшони зиндагиянд, ки аз онҳо мешавад ҳама рангҳои дигарро бунёд ниҳод». Камол Насрулло – шоири халқии Тоҷикистон

«Парчами миллии мо нишони рӯҳи бешикаст ва иродаи мустаҳками миллати мост, ки аз овардҳои хунини асрҳо, аз обу оташи маргбори замонаҳо гузаштаву пойдор мондааст». Камол Насрулло – шоири халқии Тоҷикистон

Муаллиф ва мураттиб: Фарҳод Сафарзода


Табрикот ба Рузи Парчами Чумхурии Точикистон (шеър)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст