Рузи муаллим муборак. Рузи омузгор шеърхо. Шеър дар васфи Муаллим.
Сано бар қалби ҷӯшони муаллим,
Ба паймону ба эҳсони муаллим.
Чу субҳи босафо бинам ҳамеша,
Рухи тобону хандони муаллим.
Муроди ӯ ҳақиқат, росткорӣ,
Чӣ ҷои шак ба имони муаллим.
Надорад давлати дунё, валекин
Пур аз ганҷ аст, бин, хони муаллим.
Куҷо донад ноаҳле ба зинҳор,
Азобу заҳмати ҷони муаллим.
Чу шири модарон аз баҳри тифлон,
Бувад ҳаққу ҳалол нони муаллим.
Бурҳониддин Усмонов