Табрикот ба Рузи Парчами Чумхурии Точикистон (шеър)

0

Парчами Чумхурии Точикистон, 24 ноябр рузи Парчами Чумхурии Точикистон Парчам


Худо кунад, ки ин як порча матоъ барои ҳамеша ифодагари сари баланди тоҷикон бошад! Рӯзи Парчам хуҷаста бод!


Чист парчам? Ифтихори миллат аст,
Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!


Парчам ҳуввият, озодагӣ, ва ғуруру номуси миллати асилзодаи мост! Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Фарорасии Рӯзи Парчами давлатро ба ҳамаи шумо ҳамватанони азиз шодбош гуфта, бароятон ба қавли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «сари ҳамчун парчам баланду рӯи чун парчам сурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун парчам сафед орзу менамоям».

Бигзор, ҳамеша Парчами давлатӣ – парчами фатҳу кушоиш ва саодату сарфарозии миллату давлати тоҷик парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!


Шеър дар васфи Парчам

Парчам нишони мост,
Симурғи некфол
Дар осмони мост.
Таърихи мо, ҳамосаи мо, достони мост,
Бал, Ковиёндирафши куҳанориёни мост,
Рағми аду муқовимати ҷовидони мост,
Дар арши бахт ҷилваи рангинкамони мост,
Боланда чун умеди дилу ормони мост,
Фарҳанги мо, асолату тобу тавони мост,
Чун мисраи баланд
Сар барзада зи дафтари табъи равони мост.

Рамзе, ки он зи ҳар чӣ азизу муқаддам аст,
Парчам аст!

Се ранг дорад он:
Сурху сафеду сабз.
Мазмуни ранг- ранг ба ҳар ранг андар аст,
Дар ранги сурх шуълаи хуршеди Ховар аст,
Сурхии нони гандумии дасти модар аст.
Ранги сафед, роҳи ҷавонони кишвар аст,
Пайғоми сулҳ, боли сафеди кабутар аст.
Сабзаш баҳори сабзи умедасту бовар аст,
Фардои сабзи ин ватани сабзманзар аст.

Чун кӯҳ устувор бувад парчами ватан,
“Шаҳнома”-и виқор бувад парчами ватан!

Боғи муаллақе,
К-аз ранги сабз об хӯрад навбаҳори ӯ,
Хандад шукуфаҳои сафед аз канори ӯ,
Чун лаъли сурх ҷилва кунад лолазори ӯ
Гулбоғи парчам аст!
Ҳар як ситорае, ки дар он мерасад ба чашм,
Болои гул чу қатраи зебои шабнам аст.

Бояд чу қоматаш,
Умре нигоҳи худнигари мо бувад баланд,
Чун насли кӯҳ ҳар назари мо бувад баланд,
Чун бозгӯи асл
Фари мо бувад баланд,
Сари мо бувад баланд!

Он тоҷ, тоҷ бар сари болои миллат аст,
Анвори ӯ таҷассуми фардои миллат аст
В-он печутоб мавҷ зи дарёи миллат аст,
Яъне хабар зи мавҷи гуҳарзои миллат аст,
Ҳар наҷм шаҳчароғ ба шабҳои миллат аст,
Болои ӯй қомати зебои миллат аст.

Поянда бод, қомати сарви биҳишти ӯй,
Чун сарнавишти мост кунун сарнавишти ӯй.

Сайри қадаш зи мард шуҷоат кунад талаб,
Авсофи ӯ зи фард фасоҳат кунад талаб,
Ҳуснаш зи чашм дарси назокат кунад талаб,
Меҳраш даруни сина масоҳат кунад талаб,
Подорияш зи шахс матонат кунад талаб,
Оре, ҳамеша аҳд садоқат кунад талаб.

Мо қади худ ба парчами худ поя мекунем,
Бар офтоб бурдаву ҳамсоя мекунем!

Бархез, эй рафиқ,
Маҳкам ба шоҳбанди ҷасорат камар кунем,
То парчами ватан ҳама ҷо ҷилвагар кунем,
Бо фахру бо ғурур,
Дар дидаҳо сурур
Бар қомати баланди баландаш назар кунем,
То дурдасти бахту саодат сафар кунем,
Таърихи хеш номаи бахту зафар кунем.

Парчам, маро ҳамеша тамошоят орзуст,
Як мисраи баланди чу болоят орзуст!

Озар Салим


Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчам давлатӣ, ки ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «рамзи бахту саодат, сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад», табрик мегӯям ва хоҳони онам, ки парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои ҳар яки мову шумо ба сӯи ояндаи неку осуда ва фатҳи қуллаҳои мурод бошад.


Табрикот ба Рузи Парчами Чумхурии Точикистон

Парчам рамзи муқаддаси озодӣ ва ҳувияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик аст. Парчам, ки баланд аст, сари моро ҳамеша баланд медорад. Парчам ба мо неру, шукӯҳ ва ифтихори ватандорӣ мебахшад. Ин парчам ба мо на фақат шукӯҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандориро дар мо бедор ва поянда медорад, муҳаббати Ватанро дар вуҷудамон фурӯзон месозад.

Ҳар соҳибватан ҳангоми иштирокаш дар мусобиқаву озмунҳои байналмилалӣ бо худ арзишмандтарин чиз, яъне Парчами давлатиро мебарад.


Ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз ва дар шахсияти Шумо тамоми миллати парчамбардори тоҷикро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, иқболу комёбӣ ва хонаободиро таманно менамоям.

Бигзор, Парчами давлатии халқи тоҷик, ҳамчун дирафши фатҳу иршоди нек то абад парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!


ТОҶИКИСТОН ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД!

Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,
Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.

Қосиди сулҳ, меъмори ваҳдат, Пешвои сулҳофари миллат дар бораи Парчам чунин гуфтаанд:

“Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.” Эмомали Раҳмон


24-ноябр Рӯзи парчами миллӣ муборак

Рӯзи Парчами миллӣ муборак

Солгарди навбатии Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанон ва дӯстону пайвандони азизам сидқан шодбош гуфта, таманнои онро дорам, ки ливои давлати тоҷикон дар фазои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии кишвари биҳиштосоямон ҷовидона, парафшонӣ намояд.

Парчам – шиносномаи миллат ва эҳтиром ба парчам эҳтиром ба миллат аст. Дар шароити кунунӣ, ки тафриқа миёни миллатҳо ба авҷи аълост, моро зарур аст, ки зери сояи як парчам, “Парчами миллӣ”, парчами шукӯҳманди Тоҷикистони соҳибистиқлоли азиз, муттаҳид шавем ва қудрати ҳифзи ватанро дошта бошем.

Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон муборак бод, ҳамватанони азиз!


Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

– Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.

Ба мардуми сарбаланди кишвари азизамонро бо ин рӯзи муборак – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрику таҳният намуда, барояшон саодатмандиву тандурустӣ, бахту иқбол, сарсабзиву комёбиҳоро дар партави саодатбахши Парчами давлатӣ таманно менамояд.


парчами Тоҷикистон

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, азизон.

Мисли рангҳои парчамамон ба шумо бахту саодат, сарбаландиву сарсабзиро орзумандем 💚
__________

С Днём государственного флага, друзья.

Подобно цветам нашего флага желаем вам счастья, благополучия и процветания 💚


 


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст