Қисмҳои Авесто кадомҳоянд?

0

# Савол

Қисмҳои Авесто кадомҳоянд? Кисмхои Авесто кадомхоянд?

# Ҷавоб

Авестои то ба имрӯз омада расида, тақрибан аз се як қисми Авестои қадим буда, дар давраи Сосониён, бо алифбои махсуси барои он ихтироъ карда шуда, навишта шудааст.

Ин Авесто аз чор қисм иборат аст:

1) Ясно – дуоҳои ба худоҳо бахшида шуда ва Готҳо, ки қадимтарин бахши Авесто буда, аз ҷониби худи Зардушт баён шудаанд;

2) Виспарат – иловаҳо ба Ясно;

3) Видевдат – қонуни зиддӣ девҳо. Дар ин бахш қоидаҳои иҷрои маросимҳои динӣ, таҳорату намоз, номгӯи гуноҳҳо, баъзе қонунҳои мулкӣ ва ҷиноятӣ баён шудаанд. Баъзе бандҳои Видевдат хеле баъдтар аз давраи Зардушт ба вуҷуд омадаанд ва бандҳои қадимаи он тағйир дода шудаанд;

4) Яштҳо – дуоҳҳои суннатӣ.


Муфассал >>

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст