Истиора чист? Истиора дар адабиёт

0

# Савол

Истиора чист? Истиора дар адабиёт

# Ҷавоб

Истиора калимаи арабист, маънои аслияш ба орият, амонат ва гаравгон гирифтан аст, аммо дар илми бадеъ аз ҷумлаи санъатҳои маънавист, ки ба ҷои як калима калимаи дигарро истифода мебаранд.

Гули ман, иди Наврӯзат муборак,
Чунин ҷашни дилафрӯзат муборак.

калимаи «гул» ба маънои ёр омадаст ва истиора аст.

Агар бигӯем, ки «ёри ман мисли гул аст», мо ёрро ба ниҳоли гул монанд кардем, ки ин ташбеҳ аст. Аммо агар бигӯем, ки «гули ман омад», дар ин ифода «гул» истиора мешавад, зеро ба ҷои калимаи «ёр» истифода шудааст.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст