# Савол
Ҳикмати машшоия чист? Хикмати машшоия чист?
# Ҷавоб
Машшоъ вожаи арабист ва маънияш одами тезгард ё тезрав мебошад. Чун истилоҳи фалсафӣ мутафаккирони шарқии пайрави Арастуро дар шакли машшоиён гӯянд . Дар маҷмӯъ мактаби гурӯҳе аз файласуфони Юнони қадим, ки масъалаҳои мураккаби фалсафиро бо роҳи музокираву мубоҳиса ҳал мекарданд. Фалсафаи машшоъ ҳикмати Арасту ва пайравони ӯст.
Бунёдгузораш дар Шарқи исломӣ Абӯюсуфи Яъқуб бини Исҳоқ ал-Киндӣ-файласуфи қарни IX мелодии араб ба шумор меравад. Вале дар Шарқи Миёнаву Наздик фалсафаи машшоъ қабл аз қарни IX низ маълум буд.
