Чаро мо ба саволҳо ҷавоб намедиҳем?

0

Дуруду салом корбарони сомонаи www.SavolTJ.com. Чанд нафар муроҷиат кардаанд, ки чаро ба саволҳо ҷавоб намедиҳед?

Сараввал аз ҳамаи шумо узр мепурсем чун тақрибан як моҳ фурсат нашуд ба саволҳо сар бизанему ҷавобҳоро дарёфт кунем, баъдан гуфтанием, ки тамоми уҳдадориҳои сомонаро танҳо як нафар бар дӯш дорад, ки бисёр мушкил аст.

Дар як моҳи охир ба сомона зиёда аз 70 савол омадааст, ки барои як нафар аз назар гузаронидан ва пайдо кардани ҷавоб мушкил аст.

ПЕШ АЗ САВОЛ ДОДАН …

Пеш аз савол додан ҳатман дар сомона саволатонро ҷустуҷӯ намоед шояд бо ҷавобаш бошад, агар саволи шуморо пештар дар сомона гузошта бошем, на савол ва на ҷавоб дубора нашр намешаванд.


Масъалаи асосӣ! Лутфан дар комменти дигар саволу ҷавобҳо савол надиҳед, вагарна саволи шумо нашр намешавад. Лутфан барои савол додан аз саҳифаи “Савол диҳед” истифода баред.


Диққат!!! Аз сабаби серкор будани мудир тамоми саволҳои шумо танҳо рӯзҳои шанбе аз назар гузаронида, ба сомона ҳамроҳ карда мешаванд (агар ҷавобро ёбем бо ҷавобҳояшон нашр мегарданд).

Саволҳои исломӣ агар масъалаи фатво бошад мо ба Шӯрои уламо пешниҳод мекунем ва танҳо баъди аз онҳо ҷавоб гирифтан саволи шуморо бо ҷавобаш нашр мекунем. Дар баъзе ҳолатҳо Шӯрои уламо то 1-2 моҳ ҷавоб намедиҳанд, ки ин ба мо вобаста нест. Чун мо ҳақ надорем аз номи ислом фатво диҳем, вале саволҳое, ки ёфтанашон аз китобҳои маъмули исломӣ (масалан фарзи ъайн) имкон дорад, бо ҷавобҳояшон нашр мекунем.


Мо асосан кӯшиш мекунем платформаро беҳтар кунем ва мардум ба ҳамдигар кӯмак кунанд. Барои ҳамин саволҳоеро, ки ҷавобҳояшонро осон пайдо накардем дар бахши “Саволҳои беҷавоб” мемонем, то мардум ба саволҳову мушкилии ҳамдигар кӯмак кунанд.

Шумо низ метавонед ба мудир кӯмак кунеду ба ин бахш ворид шуда, ба саволҳое, ки ҷавобашонро наёфтем, дар коммент ҷавоб диҳед. 


ЭЪЛОН

Дар охир барои кӯмак ба мудир ва саволҳоро сари вақт аз назар гузаронида ҷавоб ёфтан эълон мекунем.

Ба мо шахсе лозим, ки дар ин кор кӯмак кунад.

Талабот:

  • донистани забони тоҷикӣ дар сатҳи адабӣ (хаттӣ);
  • доштани интернет ва почтаи электронӣ;
  • фаҳмиш доштан дар бораи почтаи электронӣ ва интернет, ҷӯстуҷӯ дар интернет ва ғ.

Вазифаҳо:

Саволҳо ба почтаи шумо меоянд, онҳоро аз назар гузаронида, ҷавобашро ҷӯстуҷӯ карда ба мудир мефиристед (тавассути телеграм). Метавонед танҳо як бахши сомонаро ҷавоб диҳед (масалан бахши ҳуқуқ, ё бахши забони тоҷикӣ ва ғ.)

Музд:

Алҳол сомона ягон даромади молӣ надорад, танҳо хароҷот. Аз ҳамин сабаб дар аввал бемузд кор мекунед, вале номатон дар сомона хоҳад буд (обрӯ). Агар сомонаро хуб пеш барем дар оянда метавон ба он реклама пайваст кард. Дар оянда метавонем ҳамкорӣ кунему аз сомона пул (наонқадар зиёд) ба даст оварем.

Мақсади аслии мо кӯмак ба халқ аст. Агар шумо низ чунин мехоҳед бо мудир @tajweb дар телеграм тамос гиред.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии