# Савол
Сарвари хонадони Сомониён кӣ буд?
# Ҷавоб
Сарвари хонадони Сомониён Сомонхудот буда, бо амири Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ (ваф.738) муносибати наздик барқарор карда, ба дасти ӯ мусулмон мегардад. Ба поси эҳтироми ин дӯстӣ писари худро низ Асад номид.
Сомонхудот ҳамчун намояндаи арабҳо солҳои 725-738 ҳокими Балх буда, барои тасхири баъзе қисматҳои Хуросону Мовароуннаҳр бо арабҳо ҳамдастӣ кардааст.