# Савол
Нишонаҳои давлати демократиро гӯед?
# Ҷавоб
Дар давлати демократӣ сардори он аз тарафи халқ интихоб карда мешавад. Мавҷудияти ҳизбҳо ва мафкураҳои гуногуни сиёсӣ мумкин аст. Гуногунандешӣ – плюрализми афкор вуҷуд дорад. Таҷзияи (тақсими) ҳокимият вуҷуд дорад. Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия , судӣ. Бо шаҳрвандон дар конститутсия ҳуқуқу озодиҳои демократӣ дода мешавад. Дар давлати демократӣ иктисоди бозоргонӣ амал мекунад.