Оё ҷоиз аст, ки мусалмон дар бутхона намоз бигзорад?

0

# Савол

Оё ҷоиз аст, ки мусалмон дар бутхона намоз бигзорад?

Аз Али

# Ҷавоб

Ассалому алайкум Бародари азиз, дар бутхона намоз гузоридан макруҳ аст.

Ҷавоб аз Шӯрои уламо (2657)


Ассалому алайкум. Бисмиллоҳ: Агар дар бутхона бут ё сурат вуҷуд надошта бошад, намоз хондан ҷоиз аст. Зеро онҷо ҳукмаш мисли дигар маконҳо аст.

Аммо агар бут ё суратҳо мавҷуд бошад, бе зарурат намоз хондан дар онҷо макруҳ аст. Имкон дошта бошад дар дигар макон намозро адо кунад, вале дар маконе барояш имкони намоз хондан набошад, пас дар ин ҳолат ҷоиз аст дар он бутхона намоз хонад. Зеро манъи намоз дар он на ба далели марбут ба намоз аст, балки ба сурате дар он аст. Аз ин сабаб намоз бо кароҳият саҳиҳ аст.

Ҷавоб аз Саҳифаи таълимӣ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст