Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – Ичлосияи такдирсоз

0

Ичлосияи 16-уми Шурои оли – Ичлосияи такдирсоз / Иҷлосияи тақдирсоз.

Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ – хишти бунёдии Тоҷикистони соҳибистиқлол

Тоҷикистон сарзамини шукуфоиҳо, зебогиҳо ва мардумони хушбахте аст, ки дар саросари ҷаҳон обрӯю эътибор пайдо кардааст. Аммо бояд зикр кард ки, ин озодиву ободӣ ва сулҳу осоиштагӣ самараи ҷонбозиҳо ва ҷонафшониҳои фарзонафарзандони ин сарзамин мебошад. Як ба саҳифаҳои таърихи ташкили давлати Тоҷикистон назар меафканем. Тоҷикистон бори аввал ҳамчун Ҷумҳурии Мухтор дар ҳудуди ҶШС Узбекистон таъсис ёфтааст. Баъдан, бо талошу муборизаҳои фарзандони содиқи миллат, Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ эътироф гардид. Тоҷикистон зиёда аз 70 сол дар ҳайати ИҶШС фаъолият мекард. Охирҳои асри ХХ раванди демократия давлатро ба миллатгароӣ, ошӯбҳои дохилӣ, ҷангҳои қавмӣ дар мисоли ҷанги Чеченистон бо Россия, муноқишаи Қазоқистону Қирғизистон ва дигар муборизаҳо гирифтор кард, ки дар натиҷа давлатҳо оҳиста оҳиста аз ҳудиди ИҶШС баромадан гирифтанд ва мустақилии худро эълон карданд. Дар натиҷа ИҶШС барҳам хӯрда, ба ҷои он Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ( ИДМ) таъсис дода шуд. Санаи 24 – уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон “Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии ҶШС Тоҷикистон”- ро қабул намуд. Пас аз як соли қабули ин эъломия дар таърихи 9 – уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти худро расман эълон кард, ки ин сана ҳамчун санаи таърихӣ ва ҷашнӣ рақам хӯрдааст.

Мутаасифона,  ошӯбҳо ва муборизаҳои охири асри 20-и замони Шӯравӣ, ки миёни миллатҳо ва қавмҳо рух дода буд, Тоҷикистони моро низ ба доми худ кашид, ки дар натиҷа ҷанги таҳмилии шҳрвандӣ ба вуқӯъ омад. Мамлакатро нооромӣ, бесарусомонӣ, низоми номуайяни ҳокимият, муноқишаҳо, хунрезӣ, гурӯҳҳои мухталифи масаллаҳ ва дигар офатҳои ҷангӣ фаро гирифт. Миллати тоҷик дар ин шароити муташанниҷ ба як  умеде, ба як воситае, ба як роҳи ҳалле, як роҳи наҷоте ниёз дошт. Қисми зиёди аҳолии минтақаҳои ҷанубу ғарби кишвар гуреза шуда, дар ҳудудҳои давлатҳои аъзои ИДМ, Афғонистон, Чин ва дигар мамлакатҳо маскун шуданд. Ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон дар марзи нобудӣ қарор дошт.

Бо маслиҳату машварати вакилони Шӯрои Олӣ тасмим гирифта шуд, ки Иҷлосияи ғайринавбатии даъвати 12-ум баргузор карда шавад, ки дар таърих бо номи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сабт гардидааст. Пойтахти  мамлакат, шаҳри Душанбе он замонҳо кӯчактарин таъмини амниятро надошт, аз ин хотир қарор гузошта шуд, то иҷлосия дар Қасри Арбоб, воқеъ дар ҷамоати деҳотӣ Унҷии шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шавад. Иҷлосия санаи 16- уми ноябри соли 1992 оғоз шуда, то 2 – юми декабри ҳамон сол идома кард.Аз шумораи умумии вакилон 197 нафар иштирок карданд. Рӯзномаи ҷаласа фарогири 23 масъалаи муҳими давлатию сиёсӣ буд, маҳз тақдири миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро ҳал мекард. Нахустин масъала ё худ амали иҷлосия аз вазифа барканор кардани Президенти ҳамонвақта Раҳмон Набиев буд, ки зери фишори гурӯҳи мухолифин аризаи истеъфои худро навишта буд. Барои як муддат Тоҷикистон аз сохти Президентӣ даст кашида, ба сохти Парламентӣ рӯ овард. Мардуми мо дар он лаҳзаҳо ба як роҳбари дилсӯз, фидокор, сулҳовар, боварибахш ва хотимадиҳандаи ҷанг эҳтиёҷ дошт. Аммо мутаасифона дар он замону лаҳза касе ҷуръати ин фидокориро надошт ё аз уҳдааш намебаромад, ба ҷуз аз як нафар. Миёни вакилон интихоботи раиси Шӯрои Олӣ гузаронида шуд.  Дар ин миён танҳо ва танҳо  як номзад тавонист бо суханҳои содиқона, боварибахш, ҷасурона ва сулҳхоҳонаи худ диққати ҳамаро ҷалб кунад. Ин номзад раиси вилояти Кӯлоб, вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонов Шарипович буд, ки аз 197 вакили ҳузурдошта, 186 нафарашон ба ҷонибдории ӯ овоз дода, сарнавишту фоли неки мардуми тоҷикро рақам заданд.

Иҷлосия кори худро оғоз кард. Раиси Шӯрои Олӣ, Пешвои маҳбуби мо кори иҷлосияро бо қабул кардани қонуни аввалин “Дар бораи авфи умумӣ “ ва “ Дар бораи гурезаҳо “ оғоз бахшиданд. Маҳз ин рисолати сарвари давлат умеди барбодрафтаи тоҷиконро барқарор кард. Дар умум дар ин иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул карда шудааст. Ин изҳорот “Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буд, ки 26 – уми ноябри соли 1992 қабул шудааст. Масъалаҳое ки дар иҷлосия дар мадди аввал меистоданд, воқеан ҳам масъалаҳои тақдирсоз ва аввалиндараҷае буданд, ки ояндаи миллати мо ба он бастагӣ дошт.

Масъалаи аввалини иҷлосия, ин ба Ватан баргардонидани гурезаҳо буд, ки ба он бевосита худи роҳбари давлат сарварӣ мекард ва шахсан барои бар гардонидани гурезаҳо ба Ҷумҳурии Афғонистон рафта, наздики 1 миллион гурезаро ба оғӯши Ватан баргардониданд.

Масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия, ин барқарории сулҳ ва муттаҳидкунии гурӯҳҳои мухталиф буд, ки бо 9 давраи музокирот дар давлатҳои Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия гузаронида шуд, ки дар натиҷаи ин музокирот “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ “ дар таърихи 27 – уми июни соли 1997 қабул карда шуд. Маҳз бо имзои ин созишнома ба кишвари ҷангзадаи тоҷик сулҳу оромӣ баргашт.

Масъалаи дигари рӯзномаи ҷаласа  ин қабули қонуну қарорҳои ҳатмӣ барои давлат буд, дар мисоли қабули Рамзҳои давлатӣ ва чандин қонунҳои муҳим. Масъалаи навбатие, ки мавриди баррасӣ қарор дошт, ин  барқарорсозӣ ва ободкории Ватани ба доми ҷанг кашидашуда буд, ки имрӯз мо шоҳиди зиндаи натиҷаи он ҳастем. Ба монанди ин масъалаҳои дигаре чун, иқтисоди бозоргонӣ, ҳамкорӣ бо давлаҳои дунё, муайян намудани сохти давлатдорӣ, қабули Конститутсяи навин ва таъсиси сохтори Президентӣ ҳастанд, ки мавриди таҳлил ва баамалбарорӣ қарор гирифт. Яъне, лоиҳаи Тоҷикистони имрӯза маҳз дар Иҷлосияи 16 – и Шӯрои Олӣ таҳррезӣ шуд ва тақдири мардуми тоҷик ба нек анҷом ёфт.

Имрӯз Тоҷикистон гулрез аст, хушбахт аст, сарбаланд аст, озоду обод аст ва ҷаҳон ӯро эътироф кардааст. Мардуми тоҷик ин ҳама  хушбахтиро маҳз бо Пешвои муаззами миллаташ ба даст овардааст ва инак 31 сол мешавад, ки мо дар масири созандагӣ ва бунёдкорӣ қарор дорем ва минбаъд низ равонаи ин роҳ мешавем.

Марҷона Ҳакимзода

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст