Шеър дар бораи забон / забони точики / забони модари

0

Шеърхо дар васфи забон, забони точики шеър, шеър дар бораи забони модари аз сомонаи www.SavolTJ.com барои шумо >>

ТОҶИКӢ ЛАФЗИ БИҲИШТӢ

То даме, ки тоҷикӣ монад забонам,
То даме, ки форсӣ монад каломам,
То замоне, ки дарӣ монад мақомам,
Ҷовидон монад тану рӯҳи равонам.

Дар вуҷудам тоҷикиро модарам кишт,
Бо суруди “Алла”, бо ширам сиришт.
Дар замонаш гуфта буд пайғамбарам(с):
Эй забони тоҷикӣ, нури биҳишт!

Дар ҷаҳон поянда мебояд мақомат,
Бод фархунда мақоми ҷовидонат!

Эй забони модарӣ, пайванди ҷонам,
Ту мадору қуввату тобу тавонам.
Эй забони тоҷикӣ, то чархи афлок,
Зинда кардӣ дар Аҷам ному нишонам.

Эй забони тоҷикӣ, воломақомӣ,
Ҳам забони Рӯдакӣ, Саъдию Ҷомӣ.
Тоҷикӣ, дар “Махзани тиллоӣ” ҷогир,
Чун забони қимату алфози олӣ.

Дар ҷаҳон поянда мебояд мақомат,
Бод фархунда мақомат то қиёмат!

А. ҚОДИРӢ


ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Забоне, ки асолат дар ҳама давру замонҳо дошт,
Шукуҳу шуҳрати беинтиҳо вирди забонҳо дошт.
Агарчи дар замин буд боли сайри осмонҳо дошт,
Каломи хушбаёни тоҷики буду зиёи тоҷикиҳо дошт.

Забоне, ки ба лаҳнаш Рудакӣ шеъри дилоро гуфт,
Дилороро ба тоҷикӣ ба таъби дил гуворо гуфт.
Ба шавқе “Бӯи ҷӯи Мулиён”-аш дар машомӣ ҷон,
Ба дил ишқи ватан аз мағзи ҷон васфи Бухоро гуфт.

Забоне, ки ба савти пур зи шаҳдаш Ҳофизи Шероз,
Ба эъҷози ғазалҳояш бигашт бо қутсиён ҳамроз.
“Фалакро ӯ шикофт бо ин забону тарҳи нав андохт”
Ба боли қудрати назмаш ба суи Арш кард парвоз.

Забоне, ки ба сеҳраш Саъдӣ панди руҳу ҷон орост,
Ва руҳу ҷонро бо панди худ то ҷовидон орост.
Зи “Бӯстон”-у “Гулистон”-аш дабистонҳо гулфишонанд,
Ҷаҳони фазли моро то абадҳо гулфишон орост.

Забоне, ки муамоҳо суруд аз шавқи дил Бедил,
Тамоми ҷисмҳои гилиро ӯ кард саро по дил.
Ғӯзашт ӯ бо нидои бедили аз ҳар диле бар дил.
Бикард дар мазраи бе ҳосиле ӯ хирмане ҳосил.

Забоне, ки ба он Фирдавсӣ шоҳи достонҳо гӯфт,
Ба он шоҳдостонаш қиссаҳо аз ростонҳо гуфт.
Бикард з-оғози олам ҷамъ ҳикоятҳои шоҳонро,
Чи зебо васфи зури бозувони паҳлавоҳо гуфт.

Забоне, ки ба ширин нашъааш Хаёмро кард маст,
Ба ҷоми пурмаяш Хайём ҳама айёмро кард маст.
Бизад чарх ин ҷаҳон масту фалак чархид мастона,
Аз оғози ҷаҳон то ҳастии анҷомро кард маст.

SavolTJ

Забоне, ки ба он Сино давои дардро мегӯфт,
Давои дардҳои муҷмали ҳар фардро мегӯфт.
Бас аз “гили сияҳ ӯ сайр то авҷи Зуҳал мекард”,
Илоҷи мушкилотҳои ба ҷуз аз маргро мегуфт.

Забоне, ки ба он Мавлои Рум руи ҷаҳон бигрифт,
Ҳама рӯи ҷаҳонро бо сухан соҳибқирон бигрифт.
Ба маъно “Маснавии маънавӣ”-яш тафсири Қурон,
Мақоми ҷовидоне дар дили аҳли ҷаҳон бигрифт.

Забоне, ки Ҳилолӣ васфи абруи ҳилол мекард ,
Ба лутфи ин забон васфи нигори хушҷамол мекард.
Ҳамегӯфт: ” Душмани ҷонро зи ҷонам дӯсттар дорам”
Худашро ӯ фидои ишқи пурҷабри маҳол мекард.

Забоне, ки ба лутфи ҳақ бидод бар ҳазрати Ҷомӣ,
Каломи салтанат дар минбари маҷлиси ирфонӣ.
Ту ҳам эй Нуридин дар пайравии ӯ забон бикшо,
Шафоат мекунад ҳамном ҳамномро ба некномӣ.

Нуриддини Садриддин


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст