Дуои шаби кадр кадом аст? Намози шаби лайлатул кадр

0

# Савол

Дуои шаби кадр кадом аст? Намози шаби лайлатул кадр чи хел хонда мешавад?

# Ҷавоб

Дуои хоссе, ки дар шаби қадр ривоят шудааст, ин дуо аст: “Аллоҳумма иннака афуввун каримун туҳиббул-афва, фаъфу аннӣ” – Худовандо, ту бахшанда ва бокарам ҳастӣ, афву бахшишро дўст медорӣ, пас маро бубахш”.

Дуои шаби кадр
Дуои шаби кадр

Намози шаби Қадр – 27-уми Рамазон низ мисли намозҳои нафлӣ хонда мешавад.

Метавонед, ки ду ракъат ва ё чаҳор ракъат ният карда намоз гузоред, вале сураи хоссе дар ин намоз таъйин нашудааст, ҳар сураеро, ки хонед, дуруст мешавад. Яъне пас аз сураи “Фотиҳа” кадом сураеро, ки медонед, бихонед.

Илова бар ин, шумо метавонед дар ин шаб ба тиловати Қуръон, хондани зикрҳо аз қабили “Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи, субҳоналлоҳил-азим”, “Астағфируллоҳ”, “Ҳасбияллоҳу ва ниъмал-вакил” ва ғайра машғул шавед. Аз сураҳо бошад, метавонед сураи “Ихлос” ва сураи “Қадр”-ро бисёр бихонед.

Шӯрои уламои ҶТ (490)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст