Ба ҷугиён садақа додан ин азоби дӯзахро ба онҳо додан аст?

0

# Савол

Дар як сайти исломӣ мақолаи садақаро хондаам, ки ба ҷугиён садақа додан ин азоби дӯзахро ба онҳо додан аст. Инро шарҳ диҳед.

Ба чугиён садака додан ин азоби дузахро ба онхо додан аст?

# Ҷавоб

Ба касоне, ки талабиданро барои худ касб кардаанд, агар ниёзманд набошанд, додани садақа ҳаром аст. Агар ниёзманд ё доро будани онҳо маълум набошад, пас дар ин ҳолат додани садақа дуруст аст. Садақа додан барои ниёзмандон аст ва он амали писандида ва кори савоб мебошад. Дар ҳадисҳои набавӣ омадааст, ки садақа ғазаби Худоро хомӯш мекунад, балоро дур мегардонад ва оташи дӯзахро паст месозад

Шӯрои уламо (261)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст